Футбол: вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон -2019 рӯзи 29 март барпо мегардад

Февраль 19, 2019 10:15

ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. 29 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе вохӯрӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 оид ба футбол барпо мегардад. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ФФТ қарор ба тасвиб расонид. 

Бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон маротибаи 10-ум гузаронида шуда, дар он чемпиони соли гузашта ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 –дастаи «Истиқлол»-и Душанбе ва соҳиби медалҳои нуқраи Чемпионати мамлакат-2018- дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд  бо ҳам мубориза мебаранд.

Мусобиқа барои Ҷоми олии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб  ба роҳ монда шудааст, ки ҳафт маротиба онро КФ «Истиқлол» (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016 ва 2018), як маротибагӣ дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва «Ҳосилот» -и Фархор (2017) ба даст овардаанд.

Ҷоми олии Тоҷикистон-2019

29 март (ҷумъа)

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Душанбе, Варзишгоҳи марказӣ

Натиҷаи бозиҳо барои Ҷоми олии Тоҷикистон (2010-2018):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз зарбаҳои пеналти – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) –1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

Февраль 19, 2019 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд