Ходимони дини Тоҷикистон ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Барои ходимони дини Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ оғоз гардид, ки як ҳафта идома меёбад. Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи номбурда, дар марҳилаи аввали ин курсҳо 72 нафар ходимони дини шаҳри Душанбе ҷалб гардиданд.
«Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломии Тоҷикистон доир ба мавзӯъҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳамияти китоби «Фиқҳи акбар» ва «Васиятнома»-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи адён, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар мавзӯъҳо маърӯза ва мубодилаи афкор менамоянд», — илова намуд мавсуф.
Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, корҳои зиёде барои таъмини озодиҳои динии шаҳрвандон амалӣ гардиданд. Маҳз дар ин давра бо ташаббуси Пешвои миллат қонунҳо ва тадбирҳои гуногун доир ба рушди иҷтимоии ҷомеа, таъмини озодиҳои васеи динию мазҳабӣ қабул шуданд, ки сабаби ба маротиб баланд гардидани арзишҳои динӣ ва ахлоқӣ дар Тоҷикистон гардиданд.
Имрӯз дар баробари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба муносибат оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои динӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим дароварда шудаанд. Қоидаи иҷро намудани маросимҳои алоҳидаи динӣ ва ҳуқуқи волидайн барои назорат аз болои гирифтани маълумоти динию мазҳабӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» муайян ва мушаххас гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки курсҳои омӯзишии мазкур дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ доир карда мешаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






