Имсол тантанаҳои асосии наврӯзии вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегарданд

Февраль 26, 2019 10:19

ХУҶАНД, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Тантанаҳои асосии наврӯзии вилояти Суғд иборат аз намоиши дастовардҳо ва барномаи калони театрии фарҳангӣ бо иштироки меҳмонони олимақом аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров доир мегарданд.

Дар ин рӯз ҳар як шаҳру ноҳия  бо ташкили намоиши хаймаҳои милливу растаҳои ҳунармандон дастовардҳои худро манзури иштирокдорон  мегардонад.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», тибқи қарори Раиси вилояти Суғд ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, моҳи марти соли равон дар қаламрави вилоят Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

Дар робита ба ин аз 12 то 26 март дар шаҳру навоҳии вилоят баргузории  конфронсҳои илмӣ, озмуну фестивалҳо, маҳфилҳои адабӣ, аз ҷумла, озмуни “Дастархонороӣ”, барномаҳои наврӯзӣ иборат аз шеъру дубайтихонӣ дар васфи баҳору Наврӯз, мадҳияи “бойчечакхонӣ”, бозию ҳунарҳои миллӣ,  аз қабили “Кокулбофӣ”, “Ҳаппакбозӣ”, “Ошиқбозӣ”, “Лаппар”, “Нақшхонӣ”,  оростани дастархони наврӯзӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва  тайёр намудани таоми анъанавии суманак дар назар аст.

Инчунин дар ин муддат мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, чун пойга ва бузкашӣ, барномаҳои рангини консертӣ ва ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  низ  баргузор карда мешаванд.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рӯзҳои таҷлили тантанаҳои асосии иди Наврӯз дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 100 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Инҳо аз ҷумла, бинои муолиҷавии Беморхонаи ноҳиявии рақами 3,  Қасри фарҳанг ва майдони Парчами давлатӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмон ва ҷазираҳои хушманзари дарёи Сир, воқеъ дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буда, инчунин  дар майдони 5 гектар як фазанарий — парваришгоҳи мурғи даштии тазарв ба истифода дода мешаванд.

Февраль 26, 2019 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид