«Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо» — ҳамоиш дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 26.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар кори ҷамъомад роҳбарияти Кумита, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва коршиносон иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баъд аз сухани ифтитоҳии Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода иштирокдорон доир ба раванди бархӯрди тафаккури анъанавӣ бо андешаҳои динӣ-ифротӣ дар ҷомеа, усул ва шакли тарғиботи ифротгароӣ дар воситаҳои ахбори омма, таҷрибаи бозгардонидани донишҷӯён аз хориҷи кишвар ва раванду пайомади гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷи кишвар табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиши «Инъикоси масоили ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ ва таъсири он ба суботи ҷомеа: мушкилот ва паёмадҳо» бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 роҳандозӣ карда шуд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






