Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим: вайронкунии талаботи қонуни танзим соли гузашта кам гардид

Февраль 6, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин иҷрои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Дар ин бора имрӯз, 6 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ дода шуд.

Зикр гардид, ки соли сипаригардида 648 ҳолати қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шуданд.

«Соли 2018 қонуншиканиҳо дар муқоиса ба соли 2017 100 адад кам ба қайд гирифта шуданд. Агар сабаби кам шудани онро таҳлил кунем, ин бе таом гузаронидани маъракаҳои азодорӣ мебошад. Яъне метавон гуфт, ки шаҳрвандон ба мақсад ва муҳтавои қонуни мазкур сарфаҳм рафта, талаботи онро риоя карда истодаанд», — иброз дошт муовини Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим  Азизуло Мирзозода.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар тӯли 10 соли амалигардии ин қонун муносибатҳои иҷтимоии маросимӣ дар мамлакат ба танзим дароварда шуда, дар амалигардии ҳадафҳои он аҳли ҷомеа нақши ҳалкунанда гузоштанд. Яъне дар ин муддат аҳли ҷомеа анъанаҳои гузаштагони худро эҳё намуда, аз худнамоиву хурофотпарастӣ даст кашиданд. Мақсади асосии Қонун ҳам ҳамин буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 майи соли 2007 зимни суханронӣ қонуни зикршударо ба сифати нахустин қонуни миллии танзимкунандаи маросиму анъанаҳои миллӣ муаррифӣ намуда, гуфта буданд: «Мо имрўз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».

Зимнан нишондиҳандаҳои хуби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки расидан ба он ҳадафи асосии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, имкон дод, ки сатҳи некӯаҳволии мардум ба андозаи муайян боло равад.

Тавре нимаи аввали моҳи апрели соли 2018 АМИТ «Ховар» хабар дод, баъзе бахшҳои Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қонунгузории Афғонистон ворид карда шуданд.

Он замон АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Файзобод-маркази маъмурии вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Умед Назаров навишта буд: «Таъсири ҷанбаҳои мусбати рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зеҳнияти кормандони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Афғонистон ба дараҷае боло рафтааст, ки 5 апрели соли 2018 дар ВАО-и  ин кишвар дар бораи аз ҷониби Парлумон ва ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон қабул шудани “Қонуни маросими арӯсӣ” ба таври васеъ инъикос ёфт.

Таҳлил нишон медиҳад, ки Қонуни мазкур дар пайравӣ аз Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  таҳия  ва қабул шудааст”.

Аз ин метавон хулоса кард, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зарурати таҳия ва қабули қонуни мазкур дурбинона буда, дар хориҷи мамлакат низ мавриди эътироф қарор гирифт.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 28 ҳазор санҷиш гузаронид. Аз шумораи умумии санҷишҳои гузаронида  2 ҳазору 832 адад ба шаҳри Душанбе, 1 ҳазору 54 адад ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 4 ҳазору 515 адад ба вилояти Суғд, 5 ҳазору 446 адад ба вилояти Хатлон ва  14 ҳазору 207 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рост меоянд.

Февраль 6, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад