Кумитаи рушди сайёҳӣ: Ба фестивалҳо ва иду ҷашнҳои миллӣ сайёҳони хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда мешаванд

Февраль 12, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 12.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣтасдиқ гардидааст.

Бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ ба чорабиниҳои банақшагирифташуда, мизи мудаввари Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода бо роҳбарияти ширкатҳои сайёҳии ватанӣ баргузор гардид.

Аз ҷониби Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврузи байналмилалӣ тавассути маводҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешаванд.

Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тасдиқ гардидани ҷадвали баргузории чорабиниҳо имконият медиҳад, ки тарғибу ташвиқи онҳо сари вақт ва ба муҳлати муайян амалӣ карда шавад ва ин ҷашну ид ва фестивалу озмунҳо ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда шаванд.

Ҳамзамон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гаштани фестивали сайёҳии “Наврӯз — мероси фарҳангии сайёҳӣ” ва дар доираи он доир намудани чорабиниҳои зиёди фарҳангиву сайёҳӣ барои муаррифии пойтахти Ватани азизамон ҳамчун шаҳри сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

Воқеан ҳам имрӯзҳо ҳамаи сайёҳоне, ки ба Ватани биҳиштосои мо сафар мекунанд, аз имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, бахусус боғу гулгаштҳо, фаввораву кучаҳои тозаву зебо, осорхонаҳо, биноҳои боҳашамат, хурокҳои болаззати милливу хориҷӣ баҳравар мешаванд.

Ҷашни Наврӯз, ки аз қадимтарин идҳои тоҷикон маҳсуб меёбад, бо хусусиятҳои хоси худ яке аз бренди муҳими сайёҳии Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи чомеаи ҷаҳонӣ ба мероси бойи таърихию фарҳангии миллати тамаддунофари халқи тоҷик мебошад.

Дар фестивали мазкур ва рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи байналмилалӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ хатсайрҳои худро тарҳрезӣ намуда истодаанд, ки ин иди аҷдодии тоҷикон ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегардад.

Ҳамзамон, ширкатҳои сайёҳӣ омодагии худро барои таҳияи хатсайрҳои дигар дар заминаи чорабиниҳои бузурги сатҳи миллию байналмилалӣ, ки дар соли равон дар мамлакат баргузор мегарданд, аз ҷумла Меҳргон, фестивалҳои «Харбузаю тарбуз», «Иди каду», «Оши палав», «Иди асал», «Иди яхмос ва нӯшокиҳои ташнашикан» ва дигар озмуну фестивалҳои миллӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Қобили қайд аст, ки дар сатҳи баланди ташкилию мазмунӣ баргузор намудани чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои сайёҳи ва фарҳанги халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва устувор намудани мавқеи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Февраль 12, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ