Мақсади Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон беҳтар намудани шароити таҳсил тавассути бунёди биноҳои нави мактабҳост
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон дар доираи се Лоиҳа фаъолияташро ба роҳ мондааст. Давраи татбиқи марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» аз 1 июни соли 2014 то 30 июни соли 2018 ва марҳилаи чоруми он аз 1 июли соли 2018 то 31 декабри соли 2020-ро фаро мегирад. Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» аз 1 апрели соли 2013 то 31 декабри соли 2017 муқаррар гардида, муҳлати он аз ҳисоби маблағҳои боқимондаи суратҳисоб то 31 декабри соли 2018 тамдид карда шуд. Ин нуктаро 15 феврал директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Ба зикри номбурда, мақсади асосии барномаҳо- ин беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои фарогир тавассути бунёди биноҳои нави мактабӣ ва таъмини таҷҳизоту инфрасохтори онҳо бо истифодаи сифати мувофиқ, инчунин омӯзиши ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ мебошад.
«Дар марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» 14 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон, дар марҳилаи чорум 12 шаҳру ноҳияи вилоят ва Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» 3 ноҳияи ин минтақаро фаро гирифтааст. Соли 2018 дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юм дар вилояти Хатлон 3 лоиҳаи мактабӣ ва 1 лоиҳаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар маҷмӯъ, дар доираи марҳилаи сеюми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дар вилояти Хатлон ба ҷои 14 лоиҳаи пешбинишуда 17 лоиҳаи мактабӣ, 9 бинои технологӣ ва 3 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол амалӣ гардиданд. Иқтидори лоиҳавии 17 бинои таълимӣ дар як баст 3 ҳазору 336 ҷойи нишаст ва 9 бинои технологӣ 648 ҷойи нишастро ташкил медиҳад»,- гуфт Шералӣ Сиддиқзода.
Инчунин соли 2018 дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Тоҷикобод 1 лоиҳаи сохтмони бинои таълимӣ ва 4 лоиҳаи технологӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Лоиҳаҳои технологӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар равона гардида, бунёди биноҳои сесинфхонагӣ барои дарсҳои таълими меҳнат пешбинӣ шудаанд. Дар онҳо хонандагон имконияти омӯзиши асосҳои касбҳои дуредгарӣ, харротӣ, дӯзандагӣ ва пазандагиро пайдо мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи татбиқи Барномаи «Сохтмони мактабҳо ва инфрасохтори мувофиқ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт» 12 бинои таълимӣ бо иқтидори лоиҳавии 2 ҳазору 352 ҷои нишаст дар як баст, 6 бинои технологӣ бо иқтидори лоиҳавии 432 ҷои нишаст ва 1 майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






