НИШАСТИ МАТБУОТӢ: Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо Маркази муколамаи адёни Қатар ҳамкорӣ ба роҳ мондааст
ДУШАНБЕ,15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази муколамаи адёни Давлати Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид. Матлаби мазкурро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода баён дошт.
Ф.Баротзода зикр кард, ки ҳамчунин лоиҳаи Ёддошти тафоҳум бо Маркази иттилоот ва омӯзишҳои русӣ-арабии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷиҳати баррасӣ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ар-Риёз ирсол карда шуд.
Марказ бо Институти «Инъикоси сулҳ ва ҷанг» (IWPR) Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, коршиносони он дар самти баланд бардоштани сатҳи касбии рӯзноманигорон ва ходимони дин дар Тоҷикистон тренингҳо баргузор намуданд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ кормандони Марказ 176 китобу маҷмӯа ва брошураҳо, 1119 саҳифа варақаи таблиғотӣ, сабти 136 адад фитта, 1 планшет, 7 телефони мобилӣ, 11 адад хотираи беруна (флешка), 3 адад диски сахти пешниҳодшударо мавриди ташхис қарор дода, хулосаҳои коршиносии худро пешниҳод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз вазифаҳои асосии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини асосҳои илмии сиёсати давлатии муносибат ба дин ва озодии виҷдон мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






