Пагоҳ дар Душанбе китоби «Саҳрои бекаронаи таърих»-и нависанда Садриддин Ҳасанзода рӯнамоӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2019./АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 27 феврали соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри нависанда Садриддин Ҳасанзода-маҷмӯаи очеркҳои публитсистӣ таҳти унвони «Саҳрои бекаронаи таърих», ки аз се ҷилд иборат аст, баргузор мешавад.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, маҷмўаи мазкур бо илҳом аз асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни Ориён» эҷод гашта, як навъ тафсири бобҳои алоҳидаи ин асарҳои безавол, ҳамчунин шарҳи баъзе аз бахшҳои асари аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ба шумор меравад.
Китоби мазкурро навъе аз пажўҳиш ва хулосабарориҳои журналистӣ номидан мумкин аст. Маҷмўаи очеркҳо зери назари академики Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, таҳрири муҳаққиқи шинохта Абдуқодири Рустам ва тавсияи Шўрои илмии Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот дар нашрияи «Балоғат» соли 2019 ба чоп расидааст.
Ба иттилои манбаъ, китоби мазкур барои тарбияи хештаншиносӣ, ватандўстии насли ҷавони мамлакат ва эҳтироми онҳо ба фарҳанги ниёгон муфид аст.








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






