Роҳбарони идораҳои сарҳадии ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд
ДУШАНБЕ, 25.02.2029 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 26 феврал дар шаҳри Душанбе вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии ИДМ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.
«Масъалаҳои фаъолсозии ҳамкорӣ дар доираи Шӯрои фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо сохторҳои кории ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бар зидди таҳдидҳо ва хатарҳои нав ба амнияти сарҳадӣ мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт», — гуфт Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Зимни ҷаласаи дар пешистода масъалаҳои вазъияти баамаломада баррасӣ гардида, тадбирҳои иловагӣ оид ба муқовимат бар зидди хатарҳои амнияти сарҳадӣ, ки аз ҷониби Афғонистон бармеоянд, андешида мешаванд.
Дар баробари ин гузаронидани Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Муқовимати таъсирбахш бар зидди падидаҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи силоҳ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва савдои одамон чун хатари асосии амнияти сарҳадӣ дар марзи берунаи кишварҳои аъзои ИДМ» дар назар аст.
Чиҳати иштирок дар конфронс намояндагони идораҳои сарҳадии муассисаҳои таълимии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи сарҳад, инчунин мақомоти салоҳиятдори Иттиҳод ва ташкилотҳои байналмилалӣ даъват гардидаанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






