РОҲКУШОӢ БО БАҲОИ ҶОН. Тарма техникаи худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-и Ширкати «IRS»-ро рабуд ва дар натиҷа ронандаи он ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шоми 13 феврали соли равон ҳангоми бартараф намудани тарма дар километри 65-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ техникаи пуриқтидори филиали Ширкат -худборкунаки фронталии тамғаи ZL-50-ро тарма рабуд ва дар натиҷа ронандаи он Туғён Умаров ба ҳалокат расид. Айни замон ҷасади номбурда аз қаъри дара берун оварда шуда, ба манзилаш- деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб интиқол ёфта истодааст.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.
Мавсуф илова намуд, ки аҳли филиали ширкат аз марги номбурда, ки 63-сола буда, аз ҷумлаи мутахассисони масъулиятшиносу поквиҷдон маҳсуб мешуд, сахт андӯҳгин буда, ба пайвандонаш аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳонанд.
Ёдовар мешавем, ки давоми фаъолияти 10-солаи ширкат 9 корманди он зери тарма мондаанд. Ин шаҳодати он аст, ки кормандони ширкат бо баҳои ҷони худ барои мардум роҳ мекушоянд.
Мавриди зикр аст, ки шурӯъ аз субҳи дирӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 —уми роҳи мошингарди Душанбе—Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ба ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шудааст. Дар роҳи мазкур фаромадини чандин тармаҳои калонҳаҷм ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои мавсуф, «ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин аст. Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Баробари кушодани шудани роҳи мазкур маълумоти фаврӣ пешниҳод мегардад».








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






