Сафаралӣ Наҷмуддинов: «Ба оилаҳои камбизоат барои маросими дафн кумакпулӣ дода мешавад»

Февраль 5, 2019 13:21

ДУШАНБЕ, 05.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии мазкур Сафаралӣ Наҷмуддинов ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» оид ба  он ки кумакпулӣ барои дафн ба киҳо таъйин ва пардохт мешавад,  чунин ҷавоб дод: «Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар гардидааст, ки дар вақти фавт  ба ворисони оилаҳои камбизоат  барои  баргузории маросими дафн  ҷубронпулӣ пардохт карда шавад».

Ба гуфтаи С.Наҷмиддинов,  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқи ягонаи дастгирии иҷтимоии оилаҳои камбизоат муайян карда шудааст, ки  имрӯз он дар тамоми ноҳияҳои ҷумҳурӣ  мавриди амал қарор дорад.

«Ин оилаҳо аз ҷониби комиссияи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо муайян  карда мешаванд.  Дар доираи  ин  мо аз ҳисоби буҷети суғуртаи  иҷтимоии нафақа маблағгузорӣ мекунем. Дар амал ин  20 нишондиҳанда аст,  яъне ба  ворисони майит барои маросими дафн 1 ҳазору 100 сомонӣ дода мешавад», — иброз дошт С.Наҷмуддинов.

Зимни нишасти матбуотӣ инчунин зикр гардид, ки соли 2018 ба 16 ҳазору 802 нафар оилаҳои камбизоат мувофиқи тартиби муқарраргардида  16 млн. 802,0 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ барои дафн пардохт карда шуд.

Февраль 5, 2019 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд