«Шамъи хотира» ба 70-солагии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Тоҷиддин Муҳиддинов бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 феврали соли 2019, соати 10:00 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили ëдбуди яке аз асосгузорони санъати эстрадии тоҷик, собиқ солисти оркестри эстрадии «Гулшан», Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов доир мегардад.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» мудири бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор Парвиз Пӯлодӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои номбурда, маҳфили ёдбуд таҳти унвони «Шамъи хотира» баргузор гардида, ба 70-солагии ин овозхони маҳбуб бахшида мешавад.
Дар назар аст, ки дар маҳфил ҳунармандони маъруфи кишвар, ҳамкорон, наздикону пайвандон, ҳаводорони сурудҳои шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов ва ансамбли рақсии «Зебо» иштирок намоянд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






