Соли 2018 бақайдгирии таваллуд дар Тоҷикистон зиёд гардидааст-бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 14.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бақайдгирии таваллуд дар ҷумҳурӣ соли 2018 афзуда, нисбат ба соли 2017 0,7 фоиз зиёд мебошад. Матлаби мазкурро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён намуд.
Г.Ҳасанзода ҳамчунин иброз дошт, ки зиёдшавии бақайдгирии таваллуд асосан дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе мушоҳида шудааст.
Дар вилояти Суғд зиёдшавии бақайдгирии таваллуд 2,6 фоиз, Хатлон 1,1 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 0,9 фоизро ташкил намудааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бақайдгирии таваллуд нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, ки он мутаносибан 6,8 фоиз ва 1,3 фоизро ташкил намуд.
Инчунин зикр карда шуд, ки афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба андозаи 1,1 фоиз зиёд шуда, ба 1000 нафар аҳолӣ 21,8 нафар рост омадааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






