ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, панҷшанбе, 38-умин рӯзи соли 2019 аст

Февраль 7, 2019 08:00

7 феврали соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» фармон ба имзо расониданд.

***

8 сол қабл, 7 январи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  машварати корӣ доир намуда, таваҷҷуҳи бештарро ба мушкилоти соҳаи маориф зоҳир намуда, барои ҷоннок намудани раванди таълиму тарбияи насли наврас ва таъмини иштироки пурраи хонандагон дар дарсҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия  дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.

 7 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Гренада — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Ҷумҳурии Тотористон  — Рӯзи нишон.

 РӮЙДОДҲО:

7 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба  ғолибон ва беҳтарин бозингарони чемпионати баргузоргардидаи  Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид.

***

7 феврали соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар бораи оғози расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон эълон нашр гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017  ВАО хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – «MeegoPad»-ро ба намоиш гузоштанд. Он ба флешкартаи якчанд маротиба калонкардашуда монанд буда, дар ҳаҷм ба телефони дастӣ баробар буд.

***

7 феврали соли 1792 ба шаҳрвандони ИМА ҳуқуқи дар Канада   ройгон гирифтани замин дода шуд.

***

27 сол қабл, 7 феврали соли 1992  шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.

***

7 феврали соли 2014  дар Сочи маросими оғози Бозиҳои XXII олимпии зимистона доир гардида, 23 феврал ба итмом расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1863   дар ИМА аввалин оташнишон ихтироъ карда шуд.

***

Соли 1980 аввалин маротиба ба рӯзноманигорони телевизион сабт намудани навор дар бинои Суди Олии Канада иҷозат дода шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Февраль 7, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 сентябр,ҷумъа, 255-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, панҷшанбе, 254-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 сентябр, чоршанбе, 253-юмин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, сешанбе, 252-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, душанбе, 251-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 сентябр, ҷумъа, 250-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 сентябр, шанбе, 249-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 248-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 247-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, сешанбе, 246-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 245-умин рӯзи соли 2020 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 244-умин рӯзи соли 2020 аст