«Терроризм ва экстремизм-таҳдид ба амнияти кишварҳои ҷаҳон». Таҳти чунин унвон дар Хоруғ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Терроризм ва экстремизм-таҳдид ба амнияти кишварҳои ҷаҳон» -таҳти чунин унвон ба хотири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон-шаҳри Хоруғ конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки аҳли ҷомеа бояд ҷавононро ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ талқин намуда, ба ин восита шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои террористию эктремистӣ пешгирӣ намоянд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиш бо ибтикори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи академик Моёншо Назаршоев, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ баргузор гардида, дар он олимон, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки «шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ то ҳанӯз паст нагардидааст. Таҷриба нишон медиҳад, ки бартараф намудани манбаъҳои маблағгузории гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ имкон медиҳад, ки таъсири онҳо то андозае аз байн бурда шуда, шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо пешгирӣ карда шавад».
Бо ёдоварӣ аз ин таъкидҳои Пешвои миллат ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шермамад Ҷонмамадов изҳор дошт, ки замони бархӯрди тамаддунҳо дар рақобати ҷаҳонӣ моро водор месозад, то барои тарбияи насли солиму созанда, худшиносу худогоҳ аз тамоми имкониятҳо истифода намоем. Зикр гардид, ки танҳо бо риояи ахлоқи ҳамидаи миллӣ ва хиради азалии тоҷикона мо метавонем насли ватандӯсту сазоворро ба воя расонда, шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундрав пешгирӣ намоем.
Муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов мафҳумҳои терроризму экстремизмро шарҳ дода, таъкид дошт, ки аз хатарҳои ҷиддӣ, таҳдиди он ба амнияти кишвар ва оқибатҳои даҳшатбори он бояд ҷомеаи шаҳрвандӣ огоҳӣ дошта бошад. Зикр гардид, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди терроризму экстремизм хеле мукаммал аст. Татбиқи амалии ин қонунгузориҳо ва дар ин замина таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи аз ҳама муҳим буда, дар баробари ниҳоду сохторҳои давлатии масъул ҳар як шаҳрванди кишвари соҳибистиқлоламон бояд бо истифода аз ақли солим дар мубориза бар ин зуҳуроти номатлуби ҷаҳонӣ масъулияти ҷиддӣ эҳсос намояд. Ба таъкиди Алишер Мирзонаботов, солҳои охир зиёда аз сад кишвари ҷаҳон ҳадафи амалҳои террористии гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор гирифта, садҳо ҳазор нафар макони зисти худро тарк намудаанд.
Сардори Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ Мамадқул Меликов низ андешаҳояшро дар бораи терроризму экстремизм баён дошта, зикр кард, ки ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф гардондани пояҳои бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар миёни мардум аст. Солҳои охир террор бо суиистифода аз террористони худкуш, шаҳид ё фидоиён васеъ паҳн гардида истодааст. Аз он изҳори таассуф карда шуд, ки чунин намуди террор асосан бо ҷалби ҷавонони гумроҳе анҷом дода мешавад, ки бо таъсири мағзшӯӣ шомили гурӯҳҳои террористӣ гардидаанд.
«Дар пешгирии ин падидаи номатлуб саҳми наздикону пайвандон ва ҳамсояҳо калон аст. Зеро агар аҳли ҷомеа сари вақт бо сохторҳои дахлдори давлатӣ ҳамкориро ба роҳ мемонданд, баъзе кирдорҳои хавфноки онҳо пешгирӣ мешуд. Маҳз бетарафии аҳли ҷомеа метавонад барои анҷом додани кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҷалб шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав ва халалдор гаштани амнияти давлату миллат аз ҷониби афроди манфиатхоҳ замина гузорад. Сари вақт ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷалби зиёиён, ҷавонон, занон, олимон, ходимони дин имкон медиҳад, ки ҷавонон аз оқибатҳои даҳшатбори терроризму экстремизм огоҳӣ пайдо намуда, аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ канораҷӯӣ намоянд», -афзуд Мамадқул Меликов.
Дар ҳамоиш инчунин олимон ва ходимони дин ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷалби онҳо ба корҳои ободонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша намуданд.








ФАРЗАНДОНИ ХУДРО БЕНАЗОРАТ НАГУЗОРЕД! Ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро бояд риоя намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ тақвият мебахшанд
Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд






