«АЗ ФИТНАИ ЗАБОНИ ҚАЛАМ ЭҲТИЁТ КУНЕМ!». Мулоҳизаҳои муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик

Март 11, 2019 08:45

ДУШАНБЕ, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  «Чанд сол қабл, замоне ки Ричард Ҳоугленд сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар кишвари мо буд, бо номбурда мусоҳиба доштам. Дар ин мусоҳиба, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» ба нашр расид, баробари дигар саволҳо аз ҳамсуҳбатам роҷеъ ба  озодии сухан дар кишварамон пурсон шудам. Посухи сафир аз ҷумлаи зерин: «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии сухан бо тамоми қирраю паҳлуҳояш вуҷуд дорад»,- шурӯъ шуд. Ибрози ин суханон аз ҷониби сафири яке аз кишварҳои абарқудрати олам, ки то сафир таъин гардидан аз ашхоси калидии Котиботи давлатии ИМА буд, барои аҳли фаҳму андеша ғизо маҳсуб мешавад», — нигоштааст муовини сардабири нашрияи «Садои мардум» Далер Мерганов ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола дар кишварамон 11 март таҷлил карда мешавад.

Бегуфтугӯ, матбуот дар ҳама давру замон ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди кишвар ва ҷомеа нақши назаррас дорад.

11 марти соли равон ба нашри нахустрӯзномаи форсии тоҷикӣ 107 сол пур мешавад. Тавре пажӯҳишгарон нигоштаанд, “таҳаввулоту дигаргуниҳо, ҷунбишу инқилобҳои пайҳам дар оғози садаи ХХ ва ошноии мунавварфикрону тараққихоҳони тоҷик бо адабиёту матбуоти ҳамзабонону халқҳои дигар дар амри бедорӣ ва ташаккули таҷаддудхоҳӣ, пайванди ҷунбиши ислоҳталабонаи ҷадиди Бухоро бо амвоҷи наҳзати машрута ва озодихоҳони кишварҳои дигар нақши муҳим бозид”. Биноан, соли 1912 равшанфикрони тоҷик — Мирзомуҳиддини Мансур ва Мирзосироҷи Ҳаким барои рӯи кор омадани “Бухорои шариф” бино ба гуфти устод Айнӣ, “аввал мудири матбааи Когон Левини яҳудиро дида, ба вай аз нашри рӯзнома ваъдаи манфиати зиёде нишон дода, ӯро ба майдон андохтанд”.

Аз далелҳои мавҷуда бармеояд, ки дастандаркорон барои муҳаррирӣ аз Боку Мирзоҷалол Юсуфзодаро даъват карданд, ки дар кори табъу нашр таҷрибаи кофӣ ва бо рӯзномаю маҷаллаҳои Қафқоз ҳамкории доимӣ дошт. Ин рӯзнома дар чаҳор моҳи аввал ҳафтае шаш маротиба, баъди таъсиси рӯзномаи “Тӯрон” ба забони ӯзбекӣ, ҳафтае чаҳор бор чоп мешуд. Масъулин дар шумораи аввалини “Бухорои шариф” эълом доштанд, ки “саҳифоти рӯзномаи мо ба ҷиҳати таҳрироти илмия ва адабия ва фанния ва билъумуман мақолоти нофия боз аст. Мақолоти муғойир бо маслаки тараққихоҳона дарҷ нахоҳад гардид”.

Дар бораи муҳтавои матолиби дар рӯзномаи мавриди нашршуда пажӯҳишҳои зиёд ба сомон расидаанд, ки нақши онро аз зовияҳои гуногун бозгӯйӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ, далели бебаҳс аст, ки “нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” равзанае буд, ки дар тирашабҳои Бухорои он даврон ба сари мардум нури маърифат мепошид”. Дар ин бобат устод Айнӣ чунин нигоштаанд: «Ба мағзи ҷавонон фикри хондан, қалам ва адабиётро ҷойгир карда, ба хотири падарон хаёлҳои тарбия ва хонондани бачагонро оварданд. Аз ин таъсирҳо мадраса ҳам хушк намонд. Шогирдони мадраса ислоҳи ҷадвалҳои дарсро талаб мекарданд… Ҳатто баъзе мударрисҳо талаб ва рағбати умумии талабагонро дида, аз уҳдааш набароянд ҳам, ба таври худ ба ислоҳи таълим сар карданд.” Мутаассифона, баъди нашри 153 шумора аз 2 январи соли 1913 бо рӯзномаи «Бухорои шариф» аз нашр боз дошта шуд.

Бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон дар рӯзи нашри «Бухорои шариф» таҷлил гардидани Иди матбуот рамзӣ буда, аз арҷгузорӣ ба аҳли қалам шаҳодат медиҳад. Эътироф бояд кард, ки ба шарофати таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари соҳибистиқлоли мо барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлилӣ ва танқидии воситаҳои ахбори омма” ва баргузории нишастҳои матбуотӣ аз иқдомоти беназир дар ин самт маҳсуб мешаванд. Чунин дастгирӣ, ки дар ягон кишвари олам вуҷуд надорад, имкони хубест то журналистон минҳайси ҳокимияти чорум мавқеашонро мустаҳкам намоянд.

Муҳимтар аз ҳама, соли 2012, зимни таҷлили 100 — солагии Рӯзи матбуоти тоҷик Пешвои раъиятпарвари миллат дастур доданд, ки муқаррароти ба туҳмату таҳқир аз ҷониби журналист дахлдошта аз Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронида шавад. Касе инкор карда наметавонад, ки маҳз дар натиҷаи фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма шароити мусоид ба миён омад. Аз ин рӯ, ҳамасола теъдоди рӯзномаю маҷаллаҳо ва корхонаҳои нашриётӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, айни ҳол дар кишвар 611 расонаи иттилоотӣ, ки аз ин миқдор 376 рӯзнома -112 давлатӣ, 264 ғайридавлатӣ, 254 маҷалла -114 давлатӣ, 131 ғайридавлатӣ, 10 оҷонсии иттилоотӣ – 1 давлатӣ, 9 ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Дар шароити рӯз то рӯз шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо ва тавсеаи ҷаҳонишавӣ ба дӯши аҳли қалам масъулияти бузурги ташаккули афкори ҷомеа вогузор аст. Биноан, ҳар журналист дар баробари ҳуқуқҳояш бояд ба уҳдадориҳо ва масъулият низ муносибати дуюмдараҷа зоҳир насозад. Бесабаб ниёкони бузурги мо таъкид накарда буданд:

Аз фитнаи забони қалам эҳтиёт кун,

Ғофил машав, ки гардани море гирифтаӣ.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки озодии сухане, ки дар Тоҷикистон айни ҳол вуҷуд дорад, дар бисёр кишварҳои минтақа дида намешавад ва он ба бандҳои дахлдори тавсияҳои аъзои Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқат мекунад. Ин омил аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ дар заминаи раддабандиву назарсанҷӣ эътироф шуда, дар аксар маврид Тоҷикистон аз нигоҳи озодии баён аз қисмати аъзами кишварҳои ИДМ пеш гузаштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, 11 марти соли 2012, таъкид намуда буданд: «Муҳим нест, ки рӯзноманигорон дар кадом самт — матбуоти давлатӣ ё матбуоти мустақил фаъолият доранд. Ҳадафи асосии матбуоти ҳукуматӣ ва мустақил ҳамчун ду шохаи бо ҳам пайвастаи матбуоти Тоҷикистон иҷрои рисолати касбӣ, яъне хизмати содиқона ва софдилона ба манфиати халқу Ватан мебошад».

Журналистони тоҷик бояд дарк кунанд, ки нотавонбинони миллати тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ арзишҳои дунявӣ, ки озодии сухан рукне аз онњост, чашми дидан надоштанду надоранд. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки дар ҷаҳони муосир аксар маврид дар муқобили давлатҳову ташкилот ва шахсиятҳои алоҳида аз ҷониби рақибон маҳз силоҳи идеологӣ истифода мешавад.

Табиист, ки журналистон метавонанд дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҷомеа бо иттилооти боэътимод, ҳифзи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот беш аз дигарон саҳмгузор бошанд. Зеро амнияти иттилоотӣ маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Журналистони тоҷик бояд беҳтар аз дигарон донанд, ки барои фаъолияти мақсадноку ширкати фаъолонаи аҳли қалам дар инъикоси таҳаввулоти дар ҷомеа баамалоянда шароити мусоид фароҳам омадааст. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори омма кафолат дода шудааст. Дар баробари ин, ҳуқуқу уҳдадориҳои журналистон ва ноширон дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи табъу нашр» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд. Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» 14 марти соли 1992 қабул шуд. Худи ҳамон сол ва дар солҳои 1996, 1999, 2002 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда, такмил доданд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати аз нав таҳия ва қабули қонуни нави матбуот ба миён омад. Бо дарки ин зарурат ва бо дарназардошти афкори ҷомеаи журналистӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳрири нав таҳия гардида, моҳи марти соли 2013 қабул шуд ва он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ гардид.

Бояд зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар ва байналмилалӣ барои фаъолияти мақсадноки нашрияҳои давлатӣ ва мустақил ягон монеа эҷод накардааст. Баҳсҳои ҷудогонае, ки бинобар норозигии тарафайн, яъне нашрия ва объекти танқидшаванда ба миён меоянд ва аз тариқи судҳо ҳаллу фасл карда мешаванд, аслан ба Ҳукумат дахл надошта, таҷрибаи тамоми давлатҳои демократӣ мебошад. Аз чоп мондани баъзе рӯзномаҳо бошад, аксар маврид ба иродаи муассис вобаста ба идома ва шартҳои маблағгузорӣ вобаста буда, таҳриф намудани ин масъала “офтобро бо доман пӯшонидан” ва “алами Исро аз Мусо гирифтан” , аст.

Аз тарки Ватан намудани як идда журналистон низ фоҷиа сохтан мантиқан нодуруст аст. Аввалан, ин нафаронро пайгирии хостаҳояшон ба хориҷа бурдааст, ки дар ҷаҳони имрўза падидаи маъмул маҳсуб мешавад. Сониян, қисмати дигарро ба истилоҳ хоҷаҳояшон ба истилоҳ ротатсия намуданд ва онҷо дар дигар макон ҳамон рисолати хешро иҷро хоҳанд кард. Ахиран, ба тарки Ватан намудану паноҳгоҳи сиёсӣ хостани журналистон баъзе ташкилоту созмонҳои хориҷӣ ҳавасманд ва манфиатдоранд. Ин аст, ки қисмати сеюми ин қабил журналистон маҳз бо роҳнамоии чунин ташкилоту созмонҳо ба хориҷа рафтаанд.

Ҳоло вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа, хоса онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Дар ин маврид бояд муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки роҳ надодан ба суиистифода аз озодии сухан ва ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншавандаро пешбинӣ намудааст, риоя карда шавад.

Дар ҷомеаи демократӣ ҳадафи асосӣ аз таъсису ташкили воситаҳои ахбори омма тавассути воқеъбинона инъикос намудани фикру мулоҳиза мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеа, таҳкими сулҳу субот, пойдорию устувории амният ва ваҳдати миллӣ мебошад. Умед дорем, ки журналистон неруи зеҳнии хешро минбаъд низ барои созандагӣ, ободиву осудагии Ватан ва таҳкими неъмати бебаҳо барои миллати соҳибтамаддуни мо — Сулҳу Ваҳдат равона менамоянд.

                                                                      Далер Мерганов,
муовини сармуҳаррири
рӯзномаи “Садои мардум”

Март 11, 2019 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад