ДАҲ МОДАРИ ШӮҲРАВАР. Дар Рӯзи Модар АМИТ «Ховар» аз онҳое ёд овард, ки дар таърих ва рӯзгори мардуми Тоҷикистон нақши бузург гузоштаанд

Март 8, 2019 19:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Ба таъсиси Рӯзи модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  расо 10 сол пур шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 марти соли 2009 дар бораи Рӯзи модар эълон намудани 8 март фармон ба имзо расониданд. Дар фармон ҳадафи ба тасвиб расонидани он «бузургдошти зан-модар – офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари ҷавонону наврасон ба роҳи нек  ва пойдории оила» зикр гардидааст.

Дар иртибот ба ин АМИТ «Ховар» тамоми модарони Тоҷикистонро  бо ин рӯзи мунаввар  самимона табрик менамояд ва аз даҳ нафар модарони машҳуртарин ёдовар мешавад, ки дар таърих ва рӯзгори мардуми мо нақши носутурданӣ гузоштаанд. 

1. Модари Пайғамбар Муҳаммад(с).  Модари Пайғамбар Муҳаммад (Саллаллоҳу Алайҳи ва Салам) Омина бинти Ваҳаб  –  аз занони машҳур ва иззатманд на танҳо дар кишварҳои мусалмоннишин, балки дар саросари дунё ба шумор мераванд.

Падари Омина  аз назари ҷойгоҳ ва насаб сайид ва сарвари хонадони Зуҳра буд. Ваҳаб духтараш Оминаро ба ақди никоҳи Абдуллоҳ даровард. Баъди чанд мудат зиндагии муштарак  Абдуллоҳ барои таъмини ниёзҳои зиндагӣ бо дастури падараш ба Ясриб ( Мадинаи имрӯза) рафт, вале дигар барнагашт ва дар ҳамонҷо аз дунё даргузашт.

Баъд аз таваллуди Расули Худо (с) Омина касеро барои мужда додан ба назди падарбузурги Расули Худо (с) Абдулмуталлиб фиристод. Вақте Абдулмуталлиб ин хабри хушро шунид, бо хушҳолии тамом худашро назди онҳо расонид. Навзодро бо худ дохили Каъба бурда, ба дуову ниёиш ва шукрона пардохт.

Омина баъди даргузашти Абдуллоҳ дигар шавҳар накард. Вақте ӯ ҳамагӣ 20 сол дошт, ба зиёрати марқади шавҳараш рафт ва дар бозгашт дар Абва, дар роҳ миёни Макка ва Мадина ҷон дод. Ва дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд. Муҳаммад (Саллаллоҳу Алайҳи ва Салам)  он айём ҳамагӣ шашсола буд.

Ривоят мекунанд, ки лаҳзаҳои вопасини умраш Омина ҷигарбандаш Муҳаммад (Саллаллоҳу Алайҳи ва Салам) –ро ба оғӯш мекашад  ва мегӯяд: «Ҳамаи инсонҳо мирандаанд, ҷои куҳнаро нав мегирад. Ман ҳам мемирам, вале номи касе, ки чунин кӯдаки поку беолоишро ба дунё овардааст, ҷовидон зинда мемонад…». Ӯ ин суханонро гуфта, абадан чашм мепӯшад.

Омина, модари Пайғамбар (Саллаллоҳу Алайҳи ва Салам) дар таърихи Ислом ҷойгоҳи махсус дорад. Худованд ба ӯ шараферо насиб гардонидааст, ки ба касе дигар насиб нагаштааст: яъне маҳз ӯ охирин Пайғамбари Аллоҳ (Саллаллоҳу Алайҳи ва Салам)-ро чун фиристодаи Худо ба назди ҳамаи халқҳо ба дунё овардааст.

2. Модари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.  Модари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо исми  Бибӣ Марям яке аз модарони маҳбуб ва соҳибэҳтироми на танҳо сокинони Тоҷикистон, балки кулли тоҷикони дунё маҳсуб мешаванд.

Маҳз ҳамин зани оқила  соли 1952 фарзандеро ба дунё оварда, ӯро бо меҳнати бурдборона, шабҳои бехобӣ ва дуову каломи нек ба камол расонидааст, ки ин фарзанди худодод дар 41-солагӣ ба маснади Сарвари давлат менишинад ва дар шароити ниҳоят душвор тақдири як кишвар ва як халқи кӯҳанбунёдро ба дасти худ мегирад.  Фарзанде, ки хизматҳои беназираш барои ин мардум ва ин сарзамин дар  саҳифаҳои  таърих бо ҳарфҳои зарин мусаббат хоҳанд гашт.

Дуои модар бисёр бузург аст. Тоҷикон, умуман дигар халқҳо низ, чунин мешуморанд, ки фарзанде, ки дуои неки модарро гирифтааст, неруманд ва шикастнопазир хоҳад шуд. Муҳаббати модар  чизи муқаддас аст, он инсонро аз ҳамаи баду бало нигаҳбон мешавад, ба кас  қувваю илҳом мебахшад ва ба сӯи корномаҳои бузург  раҳнамун месозад.

Дар пйесаи драмнависи тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор «Назаркарда», ки ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, образи (тимсоли) Фаришта ҳаст. Дар саҳнаи нахуст Раиси тозаинтихоб бо  тааҷҷуб ба  нишастагони толор  менигарад, зеро интизори онро надошт, ки чунин масъулияти бузург ба дӯшаш меафтад. Вале чун мебинад, ки ҳозирин бо чашмони умед ба ӯ менигаранд, аз ҷой бармехезад ва бо қадамҳои устувор сӯи минбар меравад. Садои ботини ӯ аз Худо  мадад мехоҳад. Дар ҷавоб Фаришта аз осмон поин мешавад ва дар паҳлӯяш меистад ва мегӯяд: «Худованд на ҳар касро ба тахти шоҳӣ арзанда медонад».  Ӯ ба Раис хотиррасон менамояд, ки аз лаҳзаи ба дунё омаданаш ҳамроҳи ӯст.

Дар саҳнаи дигар боз ҳамон толори маҷлис тасвир ёфтааст. Садои касе ба гӯш меояд, ки ҳасби ҳоли Раиси тозаинтихобро қироат мекунад. Дар баробари ин садо садоҳои канда-кандаи нотавонбиноне аз ҳар гӯшаву канори толор  шунида мешаванд: «Мебинем канӣ чӣ кор мекунад…». Боз Фаришта назди Раис ҳозир мешавад ва оҳиста мехоҳад барояш як маслиҳат диҳад. Вале сараввал ривоятеро дар бораи  Довуд ва Сулаймон ба гӯшаш мерасонад. Худованд ба шоҳ Сулаймон сарвату ганҷи беҳисоб ваъда мекунад, ба шарте, ки шоҳ бо мардум аз рӯи адолат муносибат кунад ва тамоми қувваю ғайраташро дар роҳи хидмат ба ин мардум ва ин сарзамин сарф намояд. Фаришта изҳори итминон менамояд, ки Раиси тозаинтихоб маҳз ҳамин гуна сарварӣ хоҳад кард.

Боз як саҳна: дар он Фаришта боз дар паҳлӯи Раис пайдо мешавад ва ба ӯ хотиррасон менамояд, ки Раис чӣ қадар роҳи пур аз шебу фарозро тай намуд, то ки кишвари худро обод ва мардуми онро сарбаланду соадатманд гардонад. Ҳарду қаноатманданд.

Ва, ниҳоят, саҳнаи охир: Эмомалӣ Раҳмон аллакай чун сиёсатмадори ботаҷриба шинохта шудааст. Аз минбари Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тоҷикон ва Тоҷикистон сухан мегӯяд ва садояш дар зовияҳои гуногуни олам паҳн мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ба дараҷаи ходими барҷастаи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ расидааст.

Ва акнун ӯ ба хубӣ дарк менамояд, ки он Фаришта, ки дар ҳама ҷо ва сари ҳар қадам ба кӯмакаш меомад, Модараш буд. Ва шоирон шеър иншо мекунанд, оҳангсозон оҳанг эҷод мекунанд: «Модар фаришта буд…».

Ин Фаришта имрӯз низ бо фарзанди худ, бо Пешвои миллат аст, ҳарчанд ҷисман аз олам гузаштааст. Ӯ дар хотир ва дар қалби фарзанди накӯномаш зинда аст.

Бибӣ Марям  23 ноябри соли  2004  дар синни  94-солагӣ вафот кард ва дар ноҳияи Данғара ба хок супорида шуд.

3. «Модар-Ватан». Ин ибора ба дили миллионҳо нафар одамони сайёра наздик буда, пас аз лавҳаи замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки аз тарафи рассоми гурҷӣ Ираклий Тоидзе дар охири моҳи июни соли 1941 офарида шуда буд, машҳур гардид.

Ба эътирофи худи рассом, ғояи сохтани образи модар, ки писаронашро ба кӯмак даъват мекунад, ба сари ӯ комилан ногаҳонӣ омад. Образи «Модар-Ватан» баъдан яке аз симоҳои маъмултарини ташвиқоти шӯравӣ гардид. Тафсирҳои сершумори  ин образ ва тақлидҳо ба ин лавҳа дар санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, эҷодиёти мардумӣ ва таблиғоти гуногун  мавҷуд буданд.

Муҷассамаи «Модар-Ватан даъват мекунад!» маркази композитсионии муҷассама- муҷтамаи  «Қаҳрамонони ҷанги Сталинград» дар теппаи Мамаеви Волгоград мебошад. Муҷассама аз бетони пурқувватгардонидашуда (5,5 ҳазор тонна бетон ва 2,400 тонна сохтори металлӣ бидуни пойдевор) сохта шудааст. Муҷассамаи мазкур ба китоби рекордҳои Гиннес ҳамчун бузургтарин ҳайкал дар он замон дар ҷаҳон ворид карда шуд. Баландии он 52 метр, дарозии дастҳо – 20 метр ва шамшер 33 метр мебошад. Баландии умумии муҷассама 85 метр аст. Вазни он 8 ҳазор тонна ва вазни шамшер 14 тонна мебошад (барои муқоиса: баландии муҷассамаи Озодӣ дар Ню-Йорк 46 метр ва муҷассамаи Исои Масеҳ дар Рио-де-Жанейро 38 метр).

Модар-Ватан ҳамеша моро ба ҷое даъват мекунад. Он имрӯз низ мубрам боқӣ мемонад  ва ҳамеша чунин хоҳад буд, зеро Ватан барои фарзандон-шаҳрвандонаш муқаддасу ягона мебошад. Имрӯз Модар-Ватани мо, яъне Тоҷикистони маҳбуби ҳамаи мо моро даъват менамояд, ки ҳушёру зирак, меҳрубон, далер бошем ва ҳамеша омода бошем, ки халқу сарзаминамонро муҳофизат намоем ва бар зидди хатарҳое чун   терроризм, ифротгароӣ ва хурофот  истадагарӣ кунем.

4. «Модари ғам». Чунин ном дорад муҷассамаи Модар дар деҳаи Ҳоити ноҳияи Тоҷикобод. Солҳои 1931-1949 Ҳоит маркази ноҳяи Ҳоити Тоҷикистони шӯравӣ ба шумор мерафт. Ва расо 70 сол қабл, 10 июли соли 1949, бар асари заминларзаи харобиовар, ки дар натиҷаи он даҳҳо ҳазор нафар одамон қурбон шуданд, аз байн рафт.

Ин яке аз офатҳои табиии даҳшатбори асри бист мебошад, ки оқибатҳояш  фоҷиаангез  буданд. Аз қуллаи кӯҳи Чукурак кӯҳпораи бурзурге дар ҳаҷми 250 млн метри мураббаъ бо суръати баланд фурӯ рафт. Ин кӯҳпора ҳангоми фурӯравӣ ба ду қисм тақсим гардида, ба зудӣ ба ноҳияи Ҳоит, ки 12 км дуртар аз домани куҳ воқеъ буд, расид. Дар он замон  аҳолии ноҳия тақрибан 24 000 нафарро ташкил медод. Дар давоми чанд дақиқа ҳамаи сокинон зинда ба зинда ва тамоми ноҳия зери қабати ғафси сангпораҳо, ки баландии он дар баъзе ҷойҳо ба 60 м мерасид, дармонданд.

Солҳои 1967-1970 дар макони фоҷиа аз номи Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олӣ ва Шӯрои вазирони ҷумҳурӣ муҷассамаи «Модари ғам»-и ҳайкалтарош Кирей Жамазин  насб гардид.

5. «Суруди Модар». Ин сурудҳоро мисли дигар кишварҳо дар Тоҷикистон низ ҳама медонанду дӯст медоранд. Бахусус сурудҳои дар васфи модар сароидаи ҳунарпешагон Зафар Нозимов, Давлатманд Холов, Ҷурабек Муродов, Сурайё Қосимова, Нуқра Раҳматова, Ҷамшед Исмоилов, Мастона Эргашова, Тоҷиддин Муҳиддин, Аҳмад Зоҳир, Сироҷиддин Фозилов ва дигарон миёни мардум маъруф мебошанд.

Дар асл образи модар мавзӯи бузурги санъати ҷаҳонӣ мебошад ва  табиист, ки  ба он дар эҷодиёти композиторон ва сарояндаҳои тоҷик низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир карда мешавад. Ба модар асарҳои аз рӯи жанр гуногун, аз қабили достонҳои садо ва симфонӣ, манзумаҳо (балладаҳо), драмаҳои мусиқавӣ, сюитаҳои хорӣ, сурудҳо ва ғайраҳо бахшида шуданд.

Дар яке аз нашрияҳои тоҷик чунин навишта шуда буд: «Суруди амрикоӣ дар бораи муҳаббат ба модарро метавон кам дучор шуд, вале ҳар як сарояндаи тоҷик дар бораи эҳтиром ба модар суруд дорад. Мусиқӣ ба мо эҳтиром ба оиларо меомӯзад; ба мо хотиррасон менамояд, ки то чӣ андоза мо дар назди волидон уҳдадорем…».

Чанде пеш дар яке аз рӯзномаҳои Тоҷикистон мусоҳиба бо ҳунарпешаи собиқадори тоҷик нашр шуд, ки дар он   гуфта буд: «Дар замони Шӯравӣ санъат арзишҳоро пеш мубурд, мардумро ба самтҳои дуруст ташвиқ мекард ва ҷомеаро ба сатҳи нав мебардошт. Имрӯз бошад, баръакс, ҳунарпешагон дунболи табъ ва хоҳиши шунавандагони худ ҳастанд. Бо вуҷуди ин, сарфи назар аз коҳишёбии умумии сифат ва табъи одатан шубҳаангез, дар мусиқии тоҷик чизи нодире ҳаст.

Ва ин ҳам, албатта, Суруди Модар мебошад.

6. Романи «Модар»-и Максим Горкий. Роман соли 1906 ҳангоми саёҳати Горкий ба ИМА навишта шудааст. Пелагея Ниловна Власова, қаҳрамони романи «Модар» муддати зиёд дар адабиёти шӯравӣ ҳамчун «намунаи фидокории модар барои писараш», ки ҳамроҳ бо дӯстонаш бар зидди хурофот мубориза мебурд, мавҷуд буд. Модари Павел аз фаъолияти писараш ифтихор мекард ва аз ҳаёти ӯ дар ҳарос буд… Мубрамияти романи Горкий имрӯз дар чист? Воқеиятҳои муосир ба шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, чолишҳои сершумор пеш меоранд. Ҷавононро мебояд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, бозаргонӣ, таҳмили фарҳанги бегона, тахдидҳои фанатизм, ифротгароӣ ва терроризм ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳанд. Ба инсони дар шубҳа ва ҷустуҷӯ буда ба саволҳои зиёде ҷавоб лозим аст. Ва романи «Модар» яке аз он асарҳои бадеист, ки  касро ба фикру мулоҳизаи дахлдор  водор мемозад.

Романи «Модар» пас аз чоп якбора ба таври васеъ паҳн гардид. Адабиёти бадеии ҷаҳон дар тамоми таърихи худ асареро ёд надорад, ки ин қадар шумораи зиёди хонанда дошта,  бевосита ба тақдири миллионҳо нафар одамон таъсир расонида бошад.

Ногуфта намонад, ки романи «Модар»-и Максим Горкийро олим ва адабиётшиноси маъруфт Раҳим Ҳошим ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ин тарҷума яке аз тарҷумаҳои беҳтарини мероси адабиёти хориҷӣ ба забони тоҷикӣ мебошад.

7. «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ. Тасвири шоиронаи зан-модар дар тамаддуни тоҷик решаҳои амиқ дорад ва анъанаҳои бисёрасраи эҳтиром ва муҳаббат ба зодбум, ба Ватанро таҷассум мекунад. Тасдиқи ин гуфтаҳо силсилаи шеърҳои Лоиқ Шералӣ дар васфи Модар аст, ки намунаи нодир дар адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад.

«Модарнома»-и Лоиқ бо мазмуну муҳтавои баланди худ ҳазорон хонандагонро ба худ ҷалб намуда, бениҳоят маҳбуб гардидааст. Модар дар нигоҳи ин шоир шабеҳи Ватан аст. Шўҳрату шаҳомати  Модар-Ватан  дар «Модарнома»-и Лоиқ хеле мўъҷазу табиӣ ба назар мерасад. Барои устод Лоиқ Модар ва Ватан давлати азим ва ягона маҳсуб меёбад. «Модар яктост, Тоҷикистон яктост», — навиштааст шоир.

Мавзӯи модар дар адабиёти тоҷик нав нест. Сатрҳои беҳтаринро дар васфи Модар аз осори адибони классик ва муосир, аз ҷумла Мирзо Турсунзода ё шоири форс Эраҷ Мирзо метавон дарёфт. Вале, Лоиқ Шералӣ таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ба образи модари худ, як зани оддии куҳистонӣ, дунёи андеша ва орзуву ормони модари мушаххас  ҷалб намуд.

Бисёре аз шеърҳои «Модарнома»-и Лоиқ, аз ҷумла, «Ба модарам» «Дар он соат, ки дилгирам…», «Модари бечора» ва ғайраро бидуни эҳсоси амиқи ботинӣ наметавон хонд.

8. «Модар». Шеърҳои шоири Эрон Эраҷ Мирзо (1874-1926) кайҳост, ки ба китобҳои дарсии забон ва адабиёти мактабҳои Тоҷикистон ворид шудаанд. Ба ақидаи олимон, шеърҳои «Модар» ва «Дили модар»-и Эраҷ Мирзо-беҳтарин шеърҳои лирикӣ дар васфи модар дар таърихи адабиёти тоҷику форс мебошанд.

Эраҷ Мирзо яке аз аввалин ислоҳотгари шеъри форсист, ки ба жанрҳои классикӣ мавзуъҳои шаҳрвандиро ворид намуд: таълимӣ, интиқодӣ, танзу мутоибаи ҳаёти ҷамъиятии Эрон дар охири асри 19. Шеърҳои ба зан-модар бахшидаи ӯ — «Модар», «Дили модар», «Бечора модар» маҳбубияти хосро касб карданд.

Ӯ дар даврони муосир аз аввалин шоири кӯдакона буд, ки мехост ба воситаи шеър кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар ва Ватан тарбия намояд. Ба ақидаи ӯ, шеърҳо дар ин мавзӯъ ба шуури кӯдакон бештар таъсир мегузоранд. Аз ин рӯ, ба ақидаи шоир, кӯдаконро аз хурдӣ бояд дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар ва Ватан тарбия намуд. Намунаи барҷастаи он шеъри «Модар»-и Эраҷ Мирзо аст, ки дар Эрон ва Тоҷикистон бисёр машҳур мебошад:

Гўянд маро чу зод модар,

Пистон ба даҳон гирифтан омўхт,

Шабҳо бари гаҳвораи ман,

Бедор нишасту хуфтан омўхт…

9. Образи зан-модар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. «Шоҳнома» — ин ёдгории нодири адабиёти тоҷику форс аст. Дар «Шоҳнома» таърихи Эрон аз давраҳои қадимтарин то пайдоиши Ислом дар асри VII дарҷ шудааст. Тӯлонитарин достон дар адабиёти ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки ба қалами як муаллиф  мутааллиқ аст.

Образи модар ҳамчун рамзи эҳсоси амиқ ва самимӣ аз давраҳои қадимтарин то достонҳои ҷовидонаи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва шоирони муосири тоҷик Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ чун анъанаи тоҷикон ба риштаи назм кашида шудааст.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. Миёни мавзуоти ин асар муайян намудани таъиноти иҷтимоии зан-модар ҷойгоҳи хос дорад. Достонҳои Фирдавсӣ дар асоси ривоятҳои мифӣ ва таърихии шахсиятҳо навишта шудаанд, ки миёни онҳо занон низ дар ҷамбаҳои гуногун ҳузур доранд.

Образи Гурдофариди Фирдавсӣ намунаи барҷастаи шуҷоату тавоноии зан-модар дар адабиёт эътироф шудааст.

10. «Модар ва кӯдак». Расми офаридаи расссоми машҳури олам Пабло Пикассо.  Пикассои испанинажод — рассоми соҳаи графика, ҳайкалтарош ва тарроҳ – бо корҳои ғайриоддии худ нахуст одамонро ҷалб намуда, сипас ба ҷаҳони рассомии асри XX таъсири амиқ гузошт.

Расми «Модар ва кӯдак» соли 1901  офарида шудааст. Он инъикоскунандаи мавзӯи танҳоӣ, камбизоатӣ ва маъюсӣ мебошад. Дар он модару кӯдак ба таври нафарони азиятдида тасвир ёфтаанд. Онҳо дар фарш нишастаанд ва модар фарзандашро чунин ба оғӯш гирифтааст, ки таҷассумкунандаи муҳаббати гаронбаҳову беандозаи модар нисбат ба фарзанд аст.

Бо расми «Модар ва кӯдак»-и Пикассо метавон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд.

 

Март 8, 2019 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд