Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор «Корвони саломатӣ» ба сокинон хизмати ройгон расонид

Март 18, 2019 15:18

ҲИСОР, 18.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Корвони саломатӣ» –и соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор зери шиори «Солимии модар ва кӯдак дар деҳот» бо иштироки зиёда аз 12 нафар мутахассисони ботаҷриба бо дастгоҳҳои  замонавии тиббӣ  ба сокинони  ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳр хизмати ройгони тиббӣ расонид.

Тибқи иттилои  роҳбари муассисаҳои кумаки аввалини тиббӣ дар шаҳри Ҳисор  Анвар Азамов, «Корвони саломатӣ» дар марказҳои саломатии 12 ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр мувофиқи нақша ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонид.

Корвони саломатӣ бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ ва баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа дар доираи татбиқи ҳадафҳои бунёдии «Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайри сироятӣ ва осеббардорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2023 гузаронида шуд.

Ҳамчунин зикр шуд, ки сафари мутахассисони ботаҷриба ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр имконият медиҳад, ки сокинон аз маҳалли худ берун нарафта, ташхису машварат гиранд.

Анвар Азамов мегӯяд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2018 бо маблағи 43 540 сомонӣ ба маъюбону оилаҳои камбизоат ва  25 нафар беморони гемофилия ба таври ройгон хизмати тиббӣ расонида шуд.

Ҳамчунин соли сипаригардида КАТС-и шаҳри Ҳисор барои сари вақт расонидани кумаки аввалини тиббӣ   бунгоҳҳои тиббию марказҳои саломатии деҳотро бо 95 105 сомонӣ  маводи доруворӣ таъмин намуд.  Соли 2019 барои таъмини амнияти саломатии сокинони шаҳр ва расонидани кумакҳои аввалини тиббию табобатии беморони гемофилия 221 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Март 18, 2019 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?