Дар Бангкок ҷаласаи 38-уми Ассамблеяи генералии ШОО доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайланд ҷаласаи 38-уми Ассамблеяи Шӯрои олимпии Осиё (ШОО) баргузор шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин ҷаласа Тоҷикистонро муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ намуданд.
Дар оғози ҷаласа Президенти Шӯрои олимпии Осиё Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ аъзои ШОО-ро хайрамақдам гуфта, нақши Бангкок ва Тайландро дар рушди Ҳаракати олимпӣ дар қораи Осиё баланд арзёбӣ кард.
«Ман таълимоти варзишиамро соли 1977 дар ҳамин ҷо оғоз кардаам, зеро қарор буд Бозиҳои Осиё соли 1978 дар Бангкок баргузор шавад. Дар ин шаҳр 4 маротиба Бозиҳои Осиё, ҳамчунин Бозиҳои осиёии дохили толор, Бозиҳои осиёии ҳунарҳои размӣ, инчунин Бозиҳои соҳилии Осиё дар Пхукет доир гардидаанд ва мо барои баргаштан ба ин шаҳри зебо ҳамеша омодаем», — гуфт президенти ШОО.
Дар асоси рӯзномаи ҷаласа ҳисоботи комиссияҳои доимамалкунандаи ШОО, комиссияи интихоботӣ, комиссияи зан ва варзиш шунида шуда, масъалаи интихоби роҳбарият, инчунин сардор ва аъзои комиссияи одоби ШОО дар давраи солҳои 2019-2023 баррасӣ гардид.
Дар ҷаласа Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё интихоб карда шуд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






