Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Март 28, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 30 марти соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор мегардад.

Тавре  мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва  варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Турсунзода   ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон   хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе    иштирок   ва байни ҳам  рақобат  мекунанд.

Бояд зикр кард, ки   мусобиқаи  аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд.

Ғолибонро  Шоҳҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки  31 марти соли гузашта дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсияи миллии човандозони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» пойгаи аспдавонӣ баргузор шуд, ки  дар он аспҳои зоти англисӣ бо лақабҳои «Рахш» ва «Шерхон-Дарк» аз Душанбе, ки соҳибашон Анӯшервони Рустам аст, барандаи шоҳҷоизаҳо — мошинҳои сабукрави тамғаи «Равон» гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3 ва 4-сола иштирок намуда,   дар даҳ марҳила байни ҳам рақобат карданд.

Баъд аз баргузории мусобиқа Шоҳҷоиза дар байни аспҳои зоти тоҷикии аз 4-сола боло насиби  аспи тоҷикӣ бо лақаби «Гандикап» аз хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг  ва  ҷои якум насиби Анӯшервони Рустам аз шаҳри Душанбе бо аспи саворӣ бо номи «Рахш» гардид.

Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи  кор бо ҷавонон  ва варзиши    назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда мешавад.

Март 28, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд