Дар Душанбе масъалаи пешгирии гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гароиши ҷавонони тоҷик ба ҷараёнҳои ифротӣ дар дохил ва хориҷи кишвар: заминаҳо, омилҳо ва пайомадҳо» ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре аз кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, кормандони соҳаи дин ва коршиносону ҷомеашиносон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ибтикороти байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Коршиносони соҳа ибтикороти Тоҷикистонро дар самти пешгириву мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва таъмини суботу амният дар минтақа баланд арзёбӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои омилҳои гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар кишвар, дар байни муҳоҷирони кории тоҷик ва роҳҳои пешгирӣ аз ин раванд, нигаҳдории оиладории миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва рушди ифротгароӣ, ба роҳ мондани ҳамкории бештар миёни мақомоти давлатӣ ва ҷавонон табодули назар намуданд.
«Аз ҷумла, таъкид гардид, ки чун тундагароии ба сӯи терроризм майлдошта аз зумраи мушкилоти умдаи ҷаҳони имрӯз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ба шумор меравад, ин зуҳурот дар ҳар шаклу навъ сабаби қафомондагӣ ва омили садди роҳи рушду тараққии кишварҳост», -илова намуд манбаъ.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кишварест, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва Нақшаи амал барои татбиқи онро қабул кардааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ҷамъомади мазкур татбиқи босамари Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






