Дар Хатлон таҳти унвони «Инъикоси дастовардҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВАО» конфронс доир гардид

Март 9, 2019 10:54

БОХТАР, 09.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар  шаҳри Бохтар  бо ташаббуси  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  дар  ҳамкорӣ  бо Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон дар Китобхонаи оммавии  вилоятии  Хатлон  таҳти унвони  «Инъикоси дастовардҳои  Истиқлолияти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ВАО»  конфронси  илмӣ-амалӣ  баргузор  гардид.

Дар конфронс дар мавзӯъҳои  «Саҳми  ВАО-и электронӣ  дар инъикоси  даврони  соҳибистиқлолӣ», «Рушди  таҳсилоти касбии  журналистӣ  дар  даврони  соҳибистиқлолӣ» ва «Риояи одоби   касбӣ-  масъулияти ҳар  як  журналист» маърӯзаҳо шунида шуда, сипас мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр шуд, ки истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дар соҳаи пажӯҳишоти илмӣ ва махсусан дар матбуот шароити мусоид фароҳам овардааст. Имрӯз нақши воситаҳои ахбори амма дар ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон хеле муҳим ба назар мерасад.

Бояд гуфт, ки дар робита ба Рӯзи матбуоти  тоҷик  дар  донишгоҳҳои шаҳрҳои Бохтар  ва Кӯлоб  маҳфилу конфронсҳои амалӣ ҷараён доранд.

Март 9, 2019 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад