Дар маҳфили «Ганҷи сухан» вижагиҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз дар водии Зарафшон баррасӣ гардиданд

Март 19, 2019 10:20

ДУШАНБЕ, 19.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҳфили наврӯзии «Ганҷи сухан» дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи наврӯзӣ дошт. Доираи мавзӯи маҳфил низ бо иди суннатӣ-Наврӯзи оламафрӯз иртибот дошта, як қисмати он ба зиндагинома ва фаъолияти  яке аз устодони номдори Донишгоҳ, олим ва методисти барҷаста, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев бахшида шуд.

Дар маҳфил ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров, профессор Матлубаи Мирзоюнус, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев, роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов, нависанда Дадохон Эгамзод, шоирон Муҳсин Аминзода, Олимхон Исматӣ ва устодону донишҷӯён иштирок карданд.

Маҳфил бо гузориши дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Н. Ҳикматуллоев доир ба зиндагинома, фаъолияти илмӣ ва таълимии устод С. Ҳоҷиев оғоз гардида, зимни он ба муҳимтарин паҳлӯҳои фаъолияти мавсуф равшанӣ андохта шуд.  Аз ҷумла, фаъолияти омӯзгорӣ, сабку услуби хоси дарсгӯӣ ва хислатҳои хуби устодии дотсент С. Ҳоҷиев  самтҳои таҳқиқоти илмии ӯ, дастовардҳои илмӣ, хидматҳояшон дар таълими шогирдон баррасӣ гардид.

Мувофиқи анъанаи маҳфил навгониҳои илмиву адабӣ ва муаррифии китобҳои тозанашр аз ҷониби магистранти кафедраи адабиёти классикии тоҷик Шоира Олимова баррасӣ гардид. Ш. Олимова аз нашри зиёда аз даҳ китоби илмиву адабӣ иттилоъ дод.

Дар идома дотсенти кафедраи адабиёти муосир Баҳром Мирсаидов дар мавзӯи «Наврӯзи беҳдинон» маърӯзаи илмӣ намуд. Ин маърӯза нигоҳе ба таърихи Иди наврӯз буда, дар он асосан масъалаи вижагиҳои таҷлили ин ид дар водии Зарафшон баррасӣ гардид. Дар идомаи гузориш донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик шеърҳои наврӯзиро ба аҳли маҳфил ҳадя намуданд.

Нависандаи маъруф Дадохон Эгамзод аз китоби тозанашри худ «Нигина ва Мирмалик» мужда расонид ва аз таърихи таълифи ин асар, мазмун ва мундариҷааш маълумоти мушаххас дод.

Суҳбати шоиронаву самимонаи шоири ширинкалом Олимхон Исматӣ фазои маҳфилро гарму мунаввар сохт. Олимхон Исматӣ бо ашъори ишқиву ҳазломез ва самимии худ тавонист дили аҳли маҳфилро болида созад.

Роҳбари маҳфил адабиётшинос Саидумрон Саидов ба ҳозирин арзи сипос намуда, дӯстдорони каломи бадеъро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳният гуфт.

Март 19, 2019 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид