Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Аморати Муттаҳидаи Араб сафар кард
ДУШАНБЕ, 06.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб сафар кард. Дар ин сафар олимпичиёни мо бо дастаи мунтахаби олимпии АМА ду бозии дӯстона ва таҷрибавӣ барпо мекунанд.
Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев 22 бозингарро бо худ бурд, ки ба ҳайат 2 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 9 нимҳимоятгар ва се ҳамлагар шомил мебошанд. 8-11 март гузаронидани ду вохӯрии дӯстона ва таҷирибавӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби оимпии Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё, ки аз 22 то 26 марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегарданд, дар гурӯҳи «F» иштирок мекунад. Даста бо дастаҳои мунтахаби Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон барои роҳхат ба бозиҳои финалӣ мубориза мебарад.
Ҳайати дастаи мунтахабии олимпии Тоҷикистон барои вохӯриҳои таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби АМА чунин аст:
Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);
Муҳофизатгарон: Алишер Холмуродов («Регар-ТадАЗ»), Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Оятулло Сафаров, Доробҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Алишер Баротов (ҳар ду «Хатлон»), Зоир Ҷӯрабоев («Металлург», Ӯзбекистон);
Ниҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳар ду аз «Истиқлол»), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Панҷшер»), Шервонӣ Мабатшоев, Далер Ёдгоров, Шарафҷон Солеҳов (ҳам аз КМВА «Помир»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Саидмухтор Азимов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев («Истиқлол»), Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






