Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ «Дунёи саодат» оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 апрели соли 2019 дар ҷумҳурӣ даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» оғоз мегардад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивал бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти истеъдодҳои нав, ҷалб ва фарогирии ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоиписандии ҷавонону наврасон баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, беҳтарин ансамблҳои оилавӣ барои иштирок дар даври ҷамъбастии Фестивал роҳхат мегиранд. Даври ҷамъбастии он бо иштироки 10 ансамбли оилавӣ 15 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барпо мегардад.
Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.
Ансамблҳои оилавӣ дар фестивал аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла: намоиши ҳунарҳои мардумӣ, навозиши умумӣ (классикӣ, халқӣ), суруди якка (Модар–Ватан, Ваҳдату Истиқлолият), бадеҳа ё лапар, навозиши якка (дар созҳои миллӣ), намоиши либоси миллӣ, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди ҳаҷвӣ ва монолог (мавзӯъҳои мубрами ҷомеа, масъалаҳои оилавӣ) ва дигар шартҳо баромад мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар фестивал танҳо ансамблҳои оилавие, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд ва аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд, иштирок карда метавонанд.
Тибқи пешниҳоди ҳайати эҷодӣ, дар фестивал аз ҳамаи минтақаҳо (Суғд, Хатлон, ВМКБ, Ҳисор, Рашт) 2-бахшӣ, дар маҷмӯъ 10 бахш дар даври ҷамъбастӣ иштирок мекунанд. Ҳайати ансамблҳо набояд аз 20 нафар зиёд бошад.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






