«Истаравшан» ба бозии ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баромад
ДУШАНБЕ, 20.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, дар майдонҳои футболи истироҳатгоҳҳои Баҳористон ва Бонки миллӣ бозиҳои даври дуввуми мусобиқаи байналмилалӣ барои Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд. Дастаи «Истаравшан»-и Истаравшан баъди ғалаба бар дастаи «Хатлон» (2:0) аввалин шуда, ба бозии ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин рӯз «Кӯктош» аз «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуд ва бозии байни дастаҳои «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ ва КМВА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1:1 ҷамъбаст гардиданд.
Ҳамин тавр рақиби дастаи «Истаравшан» дар вохӯрии финалӣ баъди бозии даври сеюм дар гурӯҳҳои «А» ва «С» муайян мегардад. Агар «Алга»-и Қирғизистон бар Кӯктош»-и Рӯдакӣ ғолиб ояд, он гоҳ «Алга» бо «Истаравшан» дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд.
Аз рӯи низомнома ду дастаи ҷои аввали натиҷаашон беҳтарини гурӯҳҳо дар вохӯрии ниҳоӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Дастаи зинаи аввали нишондиҳандааш пасттар бо дастаи зинаи дуввуми нишондиҳандааш беҳтари гурӯҳҳо барои мақоми сеюм ва чорум, дастаҳои ҷои дуввуми натиҷаашон пасттар бо ҳам барои ҷои 5-ум ва 6-ум ва дастаҳои зинаи сеюм бо натиҷаи беҳтар барои ҷойҳои 7-ум ва 8-ум бо ҳам қувва меозмоянд.
Дар сурати мусовӣ анҷом ёфтани бозиҳо дар вохӯриҳои плей-офф барои муайян кардани ғолиб баъди вақти асосӣ зарбаҳои 11-метраи баъдибозӣ таъйин карда мешаванд.
Гурӯҳи «А». Даври 2
«Кӯктош» – «Хуҷанд» – 1:4
Голҳо: Дилшод Восиев, 8 (0:1). Дилшод Восиев, 42 (0:2). Холмурод Назаров, 53 – худгол (0:3). Азизбек Султонов, 75 (1:3). Давронҷон Эргашев, 87 (1:4).
Гурӯҳи «В». Даври 2
«Хатлон» – «Истаравшан» – 0:2
Голҳо: Диловар Бойкузиев, 33 (0:1). Азизҷон Шамсиев, 69 (0:2).
Гурӯҳи «С». Даври 2
«Панҷшер» – КМВА «Помир» – 1:1
Голҳо: Абдулатиф Тоҷиахмедов, 39 (1:0). Шодибек Ғаффоров, 42 (1:1).
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






