НАВРӮЗ ҶАШНИ ВАҲДАТ АСТ. Даъвату ҳадафҳои он умумибашарӣ ва мавқеяш инсонгароёна мебошад
ДУШАНБЕ, 22.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти муаррихон, Наврӯз таърихи беш аз ҳафтҳазорсола дорад. Мақсад аз таҷлили ҷашни Наврӯз на танҳо хушрӯзию фараҳ, балки дар дили мардум бедор намудани ҳисси рафоқат, садоқату муҳаббат ва ваҳдат, зиёд намудани меҳру шафқат мебошад. Наврӯз иди ваҳдат аст, зеро дар ин ҷашн одамон гуноҳҳои якдигарро мебахшанд, оштӣ мекунанд, ба сулҳу салоҳ мерасанд. Шояд ин ҷанба яке аз мазмунҳои асосии Наврӯз бошад. Ин нияти неки Наврӯз, бешак, тасмимоти таърихсоз аст. Тайи таърихи дуру дароз ҷашни Наврӯз дар роҳи ба ҳам овардан, ба оштӣ расидан, пойдор намудани сулҳу субот, гирифтани пеши роҳи хушунатҳо он қадар хизмат намудааст, ки он бештар аз тасмимҳои баъзе давлатмардон дар дарозои таърих аст.
Абулқосим Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ба нобудӣ расидани Наврӯзро ба хатари аз даст додани истиқлолияти миллӣ баробар дониста, бо дарду алам эҳтимоли аз байн рафтани ойини ниёгонро ин тарз баён намудааст:
Аз ин зоғсорони бе обу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад, ҳам оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Ғосибон фаҳмиданд, ки ҷашни Наврӯзро аз байн бурда наметавонанд, барои аз байн бурдани ҷанбаи миллии ин ҷашн зиёд кӯшиш ба харҷ доданд. Онҳо мехостанд, ки аҷдоди мо дар ҷашни Наврӯз ғайр аз «Иди баҳор», «Иди кишоварзон», расидани Офтобро ба бурҷи Ҳамал дида, аз хусусиятҳои ориёии ин ҷашн андеша нанамоянд. Дар натиҷа шоирону нависандагони пешин аз Наврӯз ҳамчун аз баҳору сайри чаман, хониши парандагону гулу сабзаву ёсуман васф намуда, аз рӯҳияи ориёии ин ҷашн ёдовар нашудаанд. Агар бигӯем, ки ба тадриҷ андешаҳои миллӣ аз ин ҷашн «ронда» шуданд, пас дуруст мегӯем.
Наврӯз суннату русум аст, фарҳанг аст ва ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмист. Наврӯз эътиқод ва эътимод асту тӯли таърих ба ягон идеология ё дин олуда нашудааст. Наврӯз тасаввуроти мардум нисбат ба табиат, ҷомеа ва кайҳон буда, аз нигоҳи ҳадаф, муҳтаво, мақсаду маром ҷаҳонбинии яклухтест нисбат ба табиату ҷомеа, ки дар анъанаву маросимҳои наврӯзӣ ҷой дода шудаанд. Новобаста аз он ки Наврӯз падидаи воқеии кайҳонист, барои инсонҳо ба рамзи бозгашт ба фасли орзую ормонҳо ва умед ба зиндагии беҳтар табдил меёбад.
Наврӯз рамзи озодию озодагию ободист. Аҷдоди мо ҷашни Наврӯзи миллии худро тӯли асрҳо аз чанголи ғосибони хунхӯр раҳонида, барои наслҳои оянда ҳамчун рамзи мубориза баҳри Истиқлолияти давлатӣ ба мерос гузоштанд. Аҷнабиён натавонистанд ин ҷашн, ин фарҳанг ва ин ҷаҳонбинии ориёиҳоро ба нестӣ баранд. Магар ин мубориза баҳри истиқлолият, нигаҳдошти асолати миллию урфу одат ва ҷашну анъанаҳои мардуми озодипараст нест?
Даъвату ҳадафҳои Наврӯз умумибашарӣ, мавқеаш инсонгароёна буд ва аз тозагии муҳити инсон баҳс мекард. Наврӯз як намунаи комили тасвири олам дар мафкураи инсон аст. Аҷдодони мо гоҳ ошкоро ва гоҳе пинҳонӣ ин ҷашни фархундаро истиқбол мегирифтанд.
Дар бораи таърихи пайдоиши Наврӯз андешаҳо гуногунанд. Бархе аз олимон пайдоиши ҷашни Наврӯзро ба Сосониёну Сомониён, қисми дигар ба давраи Каёниёну Пешдодиён мутааллиқ медонанд. Он чӣ аниқ аст, он аст, ки ҷашни Наврӯз ҳанӯз дар даврони пешаззардуштӣ ба ҷашни расмӣ табдил шуда буд. Андешае ҳам маъмул аст, ки Зардушт бунёдгузори Наврӯз ҳисобида мешавад.
Фалсафаи сулҳҷӯёнаи Наврӯз марзбандиҳоро эътироф намекард. Гап сари он аст, ки ин фалсафа бар тафаккури одамон нуфуз карда, ба мағзҳои онҳо нақш баста ва мағзҳоро шакл бахшид. Чун рӯҳу мағзи инсонро мазмуни фалсафаи Наврӯз фаро мегирад, ин ғояҳо қудрате беш аз шамшеру иқтидори салтанат пайдо мекунанд. Ҳамин аст, ки подшоҳону давлатҳо аз байн рафтаву ҷашни Наврӯз беш аз ҳафт ҳазор сол побарҷост. Мақоми ҷашни Наврӯз дар сару сомон бахшидани муносибати омма ба таърих, анъанаву ҷашну маросим ба тавре ки бояст, ҳанӯз омӯхта нашудааст.
Муҳаққиқон мегӯянд, ки Наврӯзро шоҳ Ҷамшед асос гузоштааст, аммо тавре ки аз «Шоҳнома» маълум аст, ин ҷашнро дар замони Каюмарс барпо менамуданд.
Абурайҳони Берунӣ дар асри даҳ дар китоби «Осор-ул-боқия» аз забони Алӣ ини Яҳё навиштааст, ки «рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар китобаш «Ат-тафҳим”менигорад, ки «нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ин нишонаи соли нав аст».
Наврӯз бояд минбаъд мавриди назари муҳаққиқон қарор гирад. Наврӯз набояд дигар фарҳангу ҷаҳонбинии як нажоду як минтақа ва танҳо шиору ҳидоят бошад. Наврӯз метавонад ҷашнвораи ҳамаи одамони сайёра гардад. Наврӯз барномаи аниқе бошад барои амал, барои корҳои созанда, барои ҳифзи олами наботот ва ҳайвоноти сайёра, экологияи табиат ва муҳити солиму фарҳанги одамият. Барои маҳви гуруснагӣ, бесаводӣ, бемориҳои сирояткунанда ва дигар мусибатҳо бояд ба ваҳдат оем. Охир ҷашни Наврӯз дар худ ин ғояҳоро ғунҷондааст ва ба истилоҳ ҷашни ҷаҳонист, зеро 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) Қатъномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” ба тасвиб расид.
Имрӯзҳо Наврӯзро дар Тоҷикистон, Албания, Афғонистон, Ҳерсоговина, Босния, Черногория, Македония, Озарбойҷон, Гурҷистон, Эрон, Туркия, Россия (Бошқирдистон, Доғистон, Чеченистон, Тотористон), Ироқ, Сурия, Покистон, Ҳиндустон, Муғулистон, Косова, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ҷамъ дар 22 давлати дунё ҷашн мегиранд.
Мояи фараҳмандист, ки аҳли эҷоди Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ҳамчун ҷашни миллӣ, ҷашни ваҳдату баҳамоии инсонҳо, ҷашни эҳёи табиат ба қалам медиҳанд. Наврӯз ахиран ба иди миллии халқи тоҷик табдил ёфтааст. Наврӯзи хуҷаста ба ҳамватанон муборак бод!
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
корманди Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон