НАВРӮЗ ДАР БАДАХШОН: Хидирайём — Рӯзи наву Соли нав ва эҳёи табиату замон

Март 22, 2019 11:15

ДУШАНБЕ, 22.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҷараён дорад. Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

-Наврӯзи оламафрӯзро дар Шуғнонзамини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошукӯҳ ҷашн гирифта, онро дар  ҳудуди ноҳияҳои Роштқалъаю Шуғнон Хидирайём ном мебаранд,-мегӯяд Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ВМКБ Ҷонибеки Қозибек.

 Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, хидир маънои калонию бузургиро дорад. Калимаи «наврӯз» мутааллиқи  ҷинси мард аст. Дар мо номи мардонаи Наврӯз, Наврӯзбек, Наврӯзшоҳ ва занона Наврӯзмоҳ, Наврӯзгул, Наврӯза бисёр дида мешаванд. Иди Наврӯз аз дигар идҳои маъмули ин диёр калонтару бузургтар ва табарруктар аст. Вале дар осори шифоҳӣ суруду бадеҳаи мардуми ин сарзамин бо исми Наврӯз омадаанд.

Аз рӯи осори шифоҳӣ ва хаттии ниёгонамон бармеояд, ки Наврӯз аз ҷашну маросимҳои қадимӣ, мисли Меҳргону Сада, Баҳманмоҳу Тиргон дида, дар байни мардуми ориётабор  мақому мартабаи шоиставу волотаре кашф кардааст. Олимони бостоншиноси Шарқу Ғарб собиқаи ҷашни Наврӯзро  дар рӯзгори мардуми  ориёӣ  беш аз се ҳазор сол қабл аз зуҳури оини зардуштӣ медонанд. Дар ҳақиқати ҳол Наврӯз ҷашнест муаззаму хуҷаста ва осори безаволест аз таърихи ниёгонамон. Ин ҷашни аҷдодӣ мисли миллати тамаддунофари тоҷик дар масири солҳои тӯлонӣ фарозу шебҳои сахту мушкилро паси сар карда, ба замони мо расидааст. Саромадаш ба кадом халқу миллат тааллуқ дорад, дақиқан ҳеҷ кас намедонад, зеро дар он расму ойину суннатҳое роиҷанд, ки кашфи ҳар яки онҳо ковишҳои алоҳидаи илмӣ мехоҳад.

Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш пайдоиши Наврӯзро ба аҳди подшоҳии Ҷамшед   нисбат додааст.

Чунончӣ:

Ба Ҷамшед бар гавҳар афшондаанд,

Мар он рӯзро Рӯзи нав хондаанд…

Ба Наврӯзи нав шоҳи гетифурӯз,

Бар он тахт биншаст фирӯзрӯз…

Иддае аз бостоншиносон онро ба азамат ва каромати Каюмарс, нахустинсон ва иддае онро ба Зардушт нисбат медиҳанд.

Дар осори рангини мутафаккирони тоҷику форс, мисли «Осор ул- Боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Таърихи Табарӣ» ва дигар адибону олимони классик аз боби пайдоиш ва манзалати ин ҷашн маълумоти пурқимат дида мешавад. Ковишҳои илмӣ шаҳодат медиҳанд, ки Наврӯз чанд ҳазор сол қабл аз оини зардуштӣ вуҷуд дошта, ба ягон дину кешу мазҳаб дахл надорад.

Наврӯз аслан аз ҷашнҳои қадимтарин ва муқаддастарини мардуми кишварҳои ориётабор буда, баъдҳо бо суннатҳои писадидааш мақбули халқу миллатҳои дигар гардидааст.

Наврӯз барои мардуми тоҷик рамзи эҳёи дунёи хуфта ва бедории табиат мебошад. Он ифодакунандаи пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, накӯӣ бар зиштӣ аст. Аз рӯи ҳисоб албатта, Наврӯз ҷашни хуршедӣ буда, дар Бадахшон, махсусан дар Шуғнонзамин аз рӯи тақвими махсуси хоси мардуми кӯҳистон- тақвими деҳқонӣ- Нишонҳисоб, яъне аз рӯйи тағйироте, ки дар ҷисми инсон рух медод, ба инобат мегирифтанд. Баъди анҷоми чиллаи калон офтоб дар мард расида, ҳисоб аз нохун оғоз мешавад ва ҳамин ки ба дил расид, Наврӯзи Хидирайём ҷашн гирифта мешавад. Аз ин бармеояд, ки Наврӯз аз рӯи тақвими шамсӣ, яъне аз рӯи гардиши Замин дар даври Офтоб асос гирифтааст.

Аз рӯи тадқиқот, Наврӯзи Шуғнонзамин нусхаи қадимтарини  ойини ориёӣ буда, унсурҳои бе тағйир дар шаклу асли худ  дар байни халқ боқӣ  мондааст.

Наврӯзро бо тамоми ҳасту буд ва суннату ойинҳояш метавон ба як баҳри бекарон қиёс кард. Мо дар ин матлаб танҳо ба ойини чаҳор аносири он назар меандозем.

Чуноне, ки Мавлавии бузург фармудааст:

Оби дарёро набояд дам кашид,

Ҳам ба қадри ташнагӣ бояд чашид.

Як чиз аз хотир наравад, ки нахуст Наврӯзро дар Шуғнонзамин бо садои ғулғуладори даф истиқбол мекунанд. Даф рамзи Офтоб буда, тамоми деву дад, балою бадӣ аз садои даф ҳаросида, аз деҳа ба кӯҳу биёбонҳо мегурезанд.

Об

Дар рӯзи такондани хона ва рӯзи баъди он соҳибхоназан аз хоб барвақт хеста, дар оби чашма ё шаршараи деҳа ва ё оби дарё дасту рӯ шуста, дар ду сатил лаборез об гирифта, ба хона меорад. Баъди дуд кардани сипанд (страхм) обро  ба деги сари чагдон рехта, бахту саодати аҳли хонаро  таманно мекунад.

Дар рӯзи ид ва ё баъди он агар борон борад, соҳибхона сараввал зери равзанаи хона дар як зарф орд оварда, се бор онро таги борон давр зада, дуо мекунад: «Борони раҳмат, дар ин сол ризқу рӯзии хонадони моро афзун гардон!».

Нақл мекунанд, ки дар гузашта мардумон сари чашма ва рӯдхонаҳо рафта, ба ҳамдигар об мепошиданд, ҷавонон якдигарро дошта, ба об мепартофтанд.

Об поккунандаи ҳамаи ифлосию ғаждӣ аст. Хоби худро аввал ба об мегӯянд, то ки покиза шавад ва бадиро об мебарад.

 Бод

Пирони кӯҳистон мегӯянд, ки боди наврӯзӣ аз гарди гиёҳ муаттар аст, нафас кашидани он аз сад дорую дармон беҳтар аст.

Ҳикмате аст:

Аз боди баҳор баҳра бардор,

Аз боди хазон худро нигаҳ дор.

Аз Иди Наврӯз сар карда, самти вазиши бод дар маҳаллаҳо дигар мешавад. Деҳқонони таҷрибадор аз рӯи самти вазиши бод вазъи боду ҳавои маҳаллашонро пешгӯӣ мекунанд.

Хок

Яке аз ойинҳои муҳиму муқаддас дар асоси суннатии иди Наврӯз дар мардуми Шуғнонзамин ҷуфтбаророн (хъиҷзивест) аст.  Соле, ки дар Наврӯз қитъаҳои замин ҷо-ҷо аз барф тоза шуда бошанд, ҳамин рӯз бо дарёфти соати саъд деҳқонон ба маросими говбаророн (хъиҷзвэст) мебароянд. Говбаророн расму русуми хоси худро дорад. Ҷуфти говонро деҳқоне, ки  ҳар сол аз замин ҳосили фаровон мерӯёнад,  ба хонае дароварда, шохони говонро равған мемоланд, баъдан ба шакли забон, чашм кулчаҳои пухташударо ба онҳо  мехӯронанд. Аз хона говон тарзе бароварда мешаванд, ки касе аз пешаш набарояд. Баъдан деҳқони асил  дар  замини ҳамвор тухмӣ пошида, деҳқони  ҷавон дар  се хат  шудгор мекунад. Пиру ҷавон бо шодию хурсандӣ сари ин замин атола (кочӣ), ширбиринҷ, бат ё ширравғану шириниҳо оварда, ҳамагон гирд шишта  онро тановул мекунанд.

Мардумон аз ҷӯякҳои зери поза хок гирифта, онро барои рафъи касалиҳои пӯст, мисли тарбод истифода мекунанд. Деҳқонон хоки шудгоркардаро кафмол мекунанд, то ки замини аз хоб  бедоршуда соҳибашро шиносад.

Баъди иди Наврӯз деҳқонон ба замин хок мепошанд, то ки замин аз барф тоза шавад ва аз гармии баҳор баҳра гирад. Хоки бегонаро ҳам баъди иди Наврӯз ба сари замини корам мекашанд. То Наврӯз хок задани барф ва ба сари замин овардани хоки бегона манъ аст.

Оташ

Оташ аз унсурҳои муқаддами Наврӯз буда, дар алоҳида деҳаҳо  ҳанӯз ҳам шаб гулхан афрӯхта, гирдогирди он мардум ҷамъ меоянд ва суруд хонда, рақсу бозӣ мекунанд. Дамидани субҳ дар майдон гулхан афрӯхта, аловпарак мекунанд. Ин суннат дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз маъракаи хоси худро дорад.

Рӯзи дуюми Иди Наврӯз кадбону барвақт хеста, дар оташдон алов мемонад. Аслан дар аввал барои гирондани алов аз чӯби дарахти арча ё сияҳбед истифода мекарданд. Оташ тамоми балою касофатҳоро сӯхта, нобуд мекунад ва аз дудбаро ба берун мепартояд.

Як чизро бояд махсус зикр кард, ки оғози ҳамаи корҳои наврӯзӣ аз  дуд кардани сипанд оғоз мешавад ва ҳар он чи барои истифода омода мешавад, аввал ба он бун (орди боқило) мепошанд.

Бояд зикр кард, ки собиқаи иди Наврӯз куҳан аст. На ҳамаи расму ойинҳои он аз назари илм тадқиқ шудаанд. Ҷиҳати вобастагии  Наврӯзро ба кайҳон-астраномия  бояд омӯхт. Зеро Наврӯз баробари Рӯзи наву Соли нав будан ҳамзамон эҳёгари табиату замон низ мебошад.

Март 22, 2019 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд