Озмуни «Духтари ҳунарманд» бо пирӯзии кадбонуҳои ҷавони ноҳияи Роштқалъа ба поён расид
ХОРУҒ, 06.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи нақшаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар дар ҷамоату шаҳракҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми як моҳ озмуни «Ҷавондухтарони ҳунарманд» идома ёфт.
Чанде пеш даври вилоятии озмун дар толори Кохи ҷавонони шаҳри Хоруғ баргузор гардид. Духтарон аз рӯи шартҳои зерин: саломнома, суруди алла, парпеч намудан ва дар гаҳвора бастани кӯдак, омода кардани хӯроки миллӣ ва ҳунарҳои дигари мардумӣ байни ҳам рақобат намуданд.
Сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Сураҷ Чоршанбиев гуфт, ки «дар натиҷаи баргузор кардани чунин озмуну фестивалҳои фарҳангӣ даҳҳо намуди таомҳои миллӣ аз нав эҳё гардида, дар рӯи дастурхони мардум боз намудҳои нави таом пайдо шуданд. Дар гузашта дар аксарияти озмуну фестивалҳо занони ҳунарманд ба ҷавондухтарон кумак менамуданд, аммо ҳоло худи духтарон мустақилона ҳам таомҳои миллию маҳаллӣ мепазанд ва ҳам кӯдаконро дар гаҳвора меандозанду барояшон алла мегӯянд».
Ҳоло шумораи қаҳвахонаҳое, ки таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ пухта, ба сокинони шаҳр, сайёҳон ва меҳмонон пешниҳод мекунанд, аз ҳисоби ҷавондухтарон рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Ҳатто мизоҷони ҷавон баъди истеъмоли хӯроки ин қаҳвахонаҳо мегӯянд, ки ҳарчанд дар бораи фоидаву таъми ширини таомҳо аз забони бузургсолон суханони зиёд шунидаанд, аммо бори аввал аст, ки маззаашонро чашиданд. Бартарии таомҳои миллию маҳаллӣ нисбат ба дигар таому хӯришҳои ҳозиразамон он аст, ки дар таркибашон иловагиҳои кимиёӣ вуҷуд надоранд.
Сардори Раёсати ҷавон ва варзиши вилоят гуфт, ки яке аз дигар ҳадафи аслии ин озмун ба зиндагии мустақилона омода кардани ҷавондухтарон мебошад. Ҳар духтар бояд донад, ки баъди издивоҷ соҳиби хонаву кошона мешавад ва баъди чанд муддат рӯзгори хонаро бар дӯши ӯ мегузоранд.
Дар озмун ҷавондухтарон аз ноҳияи Роштқалъа соҳиби мақоми аввал гардиданд. Духтарони ҳунарманд аз ноҳияҳои Шуғнон ҷои дуюм ва Мурғоб ҷои сеюмро гирифтанд.








Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд






