Самбочиёни тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд

Март 25, 2019 10:28

ДУШАНБЕ, 25.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 22-23 марти соли ҷорӣ  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо ба хотираи Анатолий Харлампиев баргузор шуд, ки варзишгарони шинохати   тоҷик сазовори ду медали биринҷӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо-2018 Хушқадам Хусравов дар вазни-62кг бар варзишгарони Нидерланд (Нияк Ланеӣеретс), Эстония (Вадим Фомин) дастболо шуда, сипас аз варзишгари мизбон Владимир Березовский, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуд. Хушқадам баъдан барои ҷои сеюм намояндаи Муғулистон Унуболд Лҳагваҷамтсро шикаст дод. Варзишгари дигари тоҷик Бахтовар Абдуллоев дар вазни-100кг, равияи самбои размӣ низ сазовори медали биринҷӣ шуд. Ду намояндаи дигари тоҷик Файзиддин Абдуллоев дар самбо, вазни-90кг ва Сорбон Латипов дар самбои размӣ, вазни-62кг аз медалҳо бенасиб монданд.

Ёдовар мешавем,ки дар мусобиқаи мазкур, 250 варзишгар аз 33 давлат иштирок намуданд.

Март 25, 2019 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад