Тоҷикистону Тотористон ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Равобити мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористон беш аз пеш густариш меёбад. Дар ин росто, 19 март дар шаҳри Душанбе дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон доир гардид, ки дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов иштирок ва сухан карданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зикр кард, ки ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон, ки бори аввал бо иштироки Роҳбари Тотористон баргузор мегардад, дар тавсеаи ҳамкории мутақобилан суманди иқтисодию тиҷоратӣ, истифодаи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодӣ байни ду кишвар мусоидат менамояд. Тоҷикистон ба таври фаъол ва густурда таҷрибаи кишварҳои муваффақи ҷаҳон, аз ҷумла субъектҳои Россияро барои эҷоди муҳити мусоиди инвеститсионӣ дар кишвар меомӯзад. Сарвазири Тоҷикистон афзуд, ки ҳамоиши доираҳои тиҷоратию соҳибкории Тоҷикистону Тотористон ба таъсиси робитаҳои мустақими соҳибкорӣ ва муколамаи мутақобилан судманд байни соҳибкорони ду давлат мусоидат менамояд. Россия шарики асосии иқтисоди хориҷии Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур маҳсуб ёфта, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 300 корхона бо сармояи Россия муваффақона фаъолият мекунанд. Дар солҳои охир робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Россия бо субъектҳои Федератсияи Россия хеле фаъоланд. Тоҷикистон бо 80 субъекти Россия иртибот дошта, яке аз онҳо Ҷумҳурии Тотористон мебошад. Табодули мол байни Тоҷикистон ва Россия соли 2018-ум 1 миллиарду 23 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин омор дар қиёс ба соли 2017 беш аз 87 миллион доллар зиёд мебошад. Ҳиссаи савдо бо Россия аз ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум 24 фоизро ташкил дод.
Зикр шуд, ки Тотористон дорои иқтидори бузурги саноатӣ буда, аз ҳаҷми умумии мошинҳои боркаш, ки дар Россия тавлид мешаванд, 35 фоизи мошинҳои боркаш ва 50 фоизи маҳсулоти полиэтиленӣ дар Тотористон истеҳсол мегарданд. Бо дахли равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон Қоҳир Расулзода гуфт, ки гардиши мол байни Тоҷикистон ва Тотористон соли гузашта 13,5 миллион долларро ташкил дод, ки ин нишондод қонеъкунанда набуда, зарур аст, ки ҳар ду кишвар аз имконот ва иқтидори мавҷудаи иқтисодӣ дар оянда ҷиҳати таҳкими ҳамкории иқтисодӣ самаранок истифода намоянд.
Таъкид гардид, ки солҳои охир Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибкориро ҳамчун самти афзалиятноки рушди сиёсати иқтисодӣ қабул намуда, барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар тадбирҳои муассир меандешад. Дар робита ба ин, Қоҳир Расулзода изҳор дошт, ки дар тӯли ду соли гузашта бо мақсади мутобиқ намудани кишвар ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Савдо беш аз 100 санади меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла беш аз 40 қонуни нав қабул шуда, ба бархе аз қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Таъкид шуд, ки вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Тотористон Рустам Минниханов, ки 19 март дар Душанбе доир гардид, дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар навбати худ Роҳбари Тотористон Рустам Минниханов зикр кард, ки мо ба таҳкими ҳамкории иқтисодӣ бо Тоҷикистон дар ҳошияи равобити Тоҷикистону Россия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои рушди дурнамои ҳамкории иқтисодӣ тамоми имконоти мавҷударо самаранок истифода менамоем. Президенти Тотористон афзуд, ки ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Тотористон марҳилаи нави рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро байни ду кишвар дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои муштарак боз хоҳад кард. Ҳадафи сафари ман ба Тоҷикистон- ин тақвияти равобити гуногунсоҳа байни Тоҷикистону Тотористон аст,- афзуд Рустам Минниханов.
Дар Форум, ки беш аз 300 нафар соҳибкорону тоҷирон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистону Тотористон иштирок доштанд, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тотористон –вазири саноат ва савдои ин кишвар Алберт Каримов ва роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон имкониятҳои сармоягузорӣ ва дурнамои самтҳои афзалиятноки тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳарду кишварро муаррифӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бои обию энергетикӣ ва дигар зарфиятҳои иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар дар мамлакат фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Тоҷикистон чор Минтақаи озоди иқтисодӣ-«Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» ба қайд гирифта шудаанд, ки фаъолияти МОИ «Суғд» ва «Данғара» чашмрас аст.
Дар ҳамоиши соҳибкории доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон ҳамзамон масъалаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, мошиносозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ матраҳ гардиданд.
Дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Тотористон вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Тотористон «B2B»- соҳибкор бо соҳибкор ва «B2G» -соҳибкор бо намояндаи давлат баргузор гардида, дар онҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоратӣ бо намояндагони бахши хусусии ҳар ду ҷумҳурӣ матраҳ гардиданд.
Инчунин дар ҷараёни ҳамоиш санадҳои ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни корхонаю ширкатҳои Тоҷикистон ва Тотористон ба имзо расонида шуданд, ки ба дурнамои рушди муносибатҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Тотористон мусоидат менамоянд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»