Қурбон Ҳакимзода рўзноманигорони фаъолро бо сипосномаҳо сарфароз гардонид
БОХТАР, 11.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят аз таърихи журнлистикаи тоҷик ёдовар шуда, зикр намуд, ки 107 сол муқаддам дар ин рӯз нахустин шумораи рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои Шариф» ба табъ расидааст. Ин дар таърихи миллати мо рӯйдоди муҳим ва таъсиргузор маҳсуб мешавад.
«Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти ҳамарӯзаи худ дар рушди ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа нақши арзанда доранд»,-иброз дошт раиси вилоят.
Қурбон Ҳакимзода инчунин изҳор намуд, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ матбуоти тоҷик, аз ҷумла рӯзноманигорони вилояти Хатлон дар набардҳои иттилоотӣ баҳри ҳифзи арзишу манфиатҳои миллӣ, алалхусус амнияти фазои иттилоотии кишвар собитқадамона ширкат варзида, дар ташаккули афкори созандаи ҷомеа ва рушду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми назаррас мегузоранд.
Сипас, ба ғолибони ҷоизаи раиси вилоят “Неруи сухан”, ки ҳамасола дар арафаи рӯзи матбуот ҷамъбаст мегардад, туҳфҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Дар бахши «Беҳтарин таҳқиқоти журналистӣ» маводи пешниҳоднамудаи рӯзноманигор Раҳмоналӣ Додархоҷаев «Ба мо барқ диҳед!!!» , дар бахши «Беҳтарин рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ)» рӯзномаи «Тахти Қубод» -и ноҳияи Қубодиён, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи телевизионӣ» барномаи «Оинаи таърих»-и рӯзноманигори ТВ «Ҷаҳоннамо» Шариф Мираков, аз рӯи номинатсияи «Беҳтарин барномаи радиоӣ» барномаи «Соҳибватан» -и рӯзноманигори радиои «Хатлон» Сангинмурод Шарипов, аз рӯи номинатсияи «Сомонаи беҳтарин» сомонаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ғолиб дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатнома қадрдонӣ гардиданд.
Дар ҳамоиш барои фаъолияти самарабахш дар самти пешбурди сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси воқеъбинонаи пешрафти ҳаёти ҷомеа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, дастгирӣ ва иштироки фаъол дар озмун, барои саҳми арзанда дар рушди матбуоти тоҷик ва ҳамкории судманд дар инъикоси дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят дар асоси қарори раиси вилоят 18 нафар бо «Сипоснома»-и раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд






