Зариф Назирӣ: «Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст»

Март 12, 2019 09:14

Б.ҒАФУРОВ, 12.03.2019/АМИТ «Ховар»/.  11 март дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба муносибати 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик бо иштироки 40 нафар рӯзноманигорону собиқадорони матбуот ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ рӯзноманигоронро бо Рӯзи матбуоти тоҷик табрик намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки «маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо дар кишварамон  рӯзноманигорони нашрияҳои давлатию хусусӣ дар шароити хубу фазои озод фаъолият мекунанд. Ин равандро мо дар вилояти Суғд, аз ҷумла ноҳияи овозадори   Бобоҷон  Ғафуров низ баръало ҳис менамоем».

Мавсуф оид ба эътимоди комил доштани мардум ба  рӯзномаву   расонаҳои   чопӣ баён дошт, ки «матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум ба шумор рафта, пешрафти ҷомеаи имрӯза бе он имконнопазир аст.    Зеро нашру инъикоси муҳимтарин ҳодисаву воқеот, дастовард ва навигариҳои тамоми соҳаҳо, чӣ бурунмарзиву чӣ хориҷӣ, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои рӯзноманигорон ба ҷомеа пешниҳод мегардад».

Раиси ноҳия ба иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақшаю дурнамои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили ҷашни фархунда — Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки соли равон барномаи вилоятӣ дар ин ноҳия таҷлил мегардад, инчунин  корҳои ободонию созандагӣ маълумот дода, рӯзноманигоронро ба ҳамкории боз ҳам қавитар даъват намуд.

Дар интиҳои ҷамъомад аз номи Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия  барои ҳамкории қавӣ  ба  рӯзноманигорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Март 12, 2019 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд