ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Хоруғ бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор гирифт

Апрель 4, 2019 09:04

ДУШАНБЕ, 04.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи бино Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва масъулини соҳаи тандурустӣ иштирок намуданд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  сохтмони иншооти мазкур соли 2016-ум оғоз гардида, паймонкор шуъбаи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи иморат аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Бадахшонлоиҳа» тарҳрезӣ шуда, он аз ду ошёна, долон, таваққуфгоҳ барои нақлиёти ёрии таъҷилӣ иборат мебошад. Инчунин бино дорои ҳуҷраҳои барҳавои ёрирасон, аз ҷумла 13 утоқи корӣ ва ду ҳуҷраи шустушӯй мебошад.

Баъди шиносоӣ бо шароити бино дар саҳни ҳавлии Шабакаи ёрии таҷилии шаҳри Хоруғ ҷамъомад доир гардид. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кормандони соҳаро бо ифтитоҳи чунин бинои зебою барҳаво аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Зимни суханронии Раиси ВМКБ таъкид гардид, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлату Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамасола барои рушди инфрасохтори соҳа барнома ва лоиҳаҳои мухталифи сармоягузорӣ татбиқ мешаванд. Бунёди чунин бинои муосири тиббӣ ва муҷаҳҳаз бо таҳҷизоти корию хизматрасонӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати хизматрасонии тандурустӣ ба сокинони маркази маъмурии вилоят-шаҳри Хоруғ боз ҳам беҳтар гардад.

Инчунин зикр гардид, ки дар корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бино бо техника беш аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Дар ҳама утоқҳои корӣ  80 номгўй таҷҳизот ва дигар ашёи зарурӣ насб карда шудаанд.

Намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят бо маблағгузориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат якчанд иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд ва навсозӣ шуда, бо муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ таъмин шуданд.

Тайи солҳои охир зиёда аз 80 фисади муассисаҳои тандурустии вилоят таъмир, сохтмон ва аз нав барқарор гардиданд. Дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат ворисони Сино мекўшанд, ки аз тамоми имконот истифода бурда, дар ҳифзи сиҳатии мардум ва расонидани  кумаки аввалини тиббӣ саҳми бориз гузоранд.

Апрель 4, 2019 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСЛОҲОТ ДАР НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ. Тоҷикистон фазои маъмуриро барои соҳибкорону сармоягузорон мусоидтар намуд
Дар Тоҷикистон кадом бахши кишоварзӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ пурра озод мебошад?
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкати саудии «Аcwa Power» неругоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
Роҳи мошингарди «Айнӣ – Кӯҳистони Мастчоҳ» навсозӣ мешавад
НЕРУГОҲИ ОФТОБӢ. Ширкати «Mаsdar» дар Тоҷикистон чунин неругоҳро бо иқтидори 400 мегаватт бунёд менамояд
Лоиҳаи Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар Тоҷикистон нахустин лоиҳаи неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт татбиқ карда мешавад
Байни Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва UNDP оид ба коҳиш додани истифодаи гидрофторкарбонҳо созишнома ба имзо расид
Аз 1 январ раёсат дар Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт
Дар «Саноатсодиротбонк» оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир шуд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба 17 миллион сомонӣ баробар гардид