ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар Конибодом 153 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд

Апрель 19, 2019 11:02

ДУШАНБЕ, 19.04.19. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин даҳҳо иншооти иҷтимоӣ, чун коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда мешаванд.

Дар доираи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд давоми соли гузашта ва дар семоҳаи аввали соли равон 153 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шуданд.​

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақша, то соли 2021 бунёду баистифодадиҳии 506 иншооти гуногун, аз ҷумла, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатӣ, ҳаммому кошонаҳои ҳусн, дорухона, толору майдончаҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, таъмири китобхона, мумфаршу чароғонкунии роҳҳо ва дигар иншооти муҳим дар назар дошта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, бо дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорону саховатмандон ва сокинони бунёдкори шаҳру деҳот соли гузашта 93 иншооти таъйиноти гуногун ва дар семоҳаи аввали соли равон 60 иншооти муҳим мавриди истифода қарор дода шуд. ​

То охири соли равон бунёду ифтитоҳи беш аз 100 иншооти дигар дар назар аст.​

Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар деҳот- ин наздик сохтани симои деҳот ба шаҳр, баланд бардоштани сатҳи маданияти деҳотиён дар муносибату рафтор, гуфтор, илму ҳунар, забономӯзӣ, эҳтиром нисбат ба моликияти худ ва давлат мебошад. Зеро дар бархе мавридҳо мо шоҳиди он мегардем, ки боғу гулгашт ва таҷҳизоти барои дилхушии кӯдакон бунёдшуда аз тарафи баъзе шахсон поймолу шикаста мешаванд.

Аз ин рӯ дар баробари бунёди ин гуна иншоот ба ҳифзу эҳтиёт кардани онҳо низ бояд диққат диҳем, то меҳнату маблағҳои зиёди сарфшуда барҳадар нараванд.

Апрель 19, 2019 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд