ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН: дар вилояти Хатлон 3 марказ ва 9 бунгоҳи саломатии деҳот ба истифода дода шуданд

Апрель 20, 2019 12:33

ДУШАНБЕ, 20.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади боз ҳам  обод кардани Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи    тандурустӣ  ва   ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонию баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин  аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардиданд.  

Дар назар аст, ки давоми се соли минбаъда дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасри фарҳанг, ҳаммом, сартарошхона,  кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд карда шаванд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, давоми се моҳи соли равон  дар қаламрави вилояти Хатлон 3 марказ ва 9  бунгоҳи саломатии деҳот ба истифода дода шуданд. Дар айни замон дар вилоят сохтмони  11 бунгоҳи саломатии дигар идома дорад.

Тибқи иттилои манбаъ,  ин марказҳо дар ноҳияҳои Ёвон, Ҷ. Балхӣ ва Хуросон бунёд шудаанд. То ин муддат бунгоҳҳои саломатии «Заркамар», «Истиқлол», «Навзамин», «Ҷавонӣ», «Баҳористон» ва Маркази саломатии деҳоти Лоҳутӣ  ва Ҷамоати деҳоти  Холевард  ба истифода дода шудаанд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар қаламрави вилояти Хатлон 28  маркази саломатии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, 364 маркази саломатии деҳот ва 706 бунгоҳи саломатӣ фаъолият менамоянд.  Корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят ба шарафи ин ҷашни миллӣ ҳамоно босуръат идома доранд.

Бояд зикр намуд, ки ҳадаф аз бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, пулҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар деҳот- ин наздик сохтани симои деҳот ба шаҳр, баланд бардоштани сатҳи маданияти деҳотиён дар муносибату рафтор, гуфтор, илму ҳунар, забономӯзӣ, эҳтиром нисбат ба моликияти худ ва давлат мебошад. Зеро дар бархе мавридҳо мо шоҳиди он мегардем, ки боғу гулгашт ва таҷҳизоти барои дилхушии кӯдакон бунёдшуда аз тарафи баъзе шахсон поймолу шикаста мешаванд.

Аз ин рӯ дар баробари бунёди ин гуна иншоот ба ҳифзу эҳтиёт кардани онҳо низ бояд диққат диҳем, то меҳнату маблағҳои зиёди сарфшуда барҳадар нараванд.

Апрель 20, 2019 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд