Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси сатҳи баланд дар Бухарест иштирок намуд

Апрель 16, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 16.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли 2019 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Сироҷиддин Муҳриддин зимни сафари корӣ ба шаҳри Бухарест дар Конфронси сатҳи баланд  таҳти унвони «Ҳамбастагӣ барои рушди устувор» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

«Дар конфронси мазкур масъалаҳои марбут ба Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои хориҷӣ.

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конфронс Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, зимни он таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ба зарурати идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, кишоварзӣ ва энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори минтақа ҷалб намуд.

Апрель 16, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд