«Амонатбонк» ва «Газанфарбонк»-и Афғонистон ба ҳамкорӣ тавсеа мебахшанд

Апрель 4, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 04.04.2019/АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк»-и Тоҷикистон ва «Газанфарбонк»-и Афғонистон» ҳамкории бонкиро тавсеа мебахшанд. Дар ин росто, масъалаҳои рушди ҳамкории  «Амонатбонк» ва «Газанфарбонк» дар Душанбе дар меҳвари  мулоқоти  раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва  муовини иҷроиявии «Газанфарбонк»-и Афғонистон  Канишко Оийн баррасӣ гардид.

Сироҷиддин Икромӣ иброз дошт, ки ҳамкории иқтисодӣ байни  ду кишвари ҳамҷавор-Тоҷикистон ва Афғонистон,  бахусус хариду фурӯши молу маҳсулот дар қиёс ба солҳои қаблӣ  густариш ёфтааст. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҳамкорӣ ҷиҳати кушодани суратҳисобҳои бонкӣ ва интиқоли маблағҳои соҳибкорону тоҷирони ҳарду давлат тариқи бонкҳо низ рушд ёбад.

Зикр шуд, ки  «Амонатбонк»  имрӯз дар бозори байнибонкии Тоҷикистон бо 75 филиалу 546 марказҳои хизматрасонии бонкӣ миёни дигар бонкҳои кишвар мавқеи хосса дорад. Дар ин росто тавсеаи ҳамкории мутақобила миёни  «Амонатбонк»-и Тоҷикистон  ва «Газанфарбонк»-и  Афғонистон метавонад нақши муҳим дар самти интиқоли маблағҳо ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ гардад.

Гуфта шуд, ки  ҳамкорӣ дар доираи риояи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии бонкҳои марказии ҳарду кишвар бояд ба роҳ монда шавад.

Дар интиҳои мулоқот раиси  «Амонатбонк» ба сардори идораи муносибатҳои байналмилалии бонк  супориш дод, ки дар ин самт ҳуҷҷатҳои зарурӣ омода намуда, маълумотро дар кӯтоҳтарин муддат пешниҳод намоянд.

Апрель 4, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид