Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангӣ маҳсуб меёбад

Апрель 18, 2019 14:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифз ва нигоҳдории ёдгориҳо ва  ҷойҳои таърихӣ таҳти унвони «Ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ — омили рушди сайёҳии кишвар» семинари ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар он  коршиносони соҳа, олимон ва намояндагони ниҳодҳои мухталиф оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ иштирок  намуданд.  Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои муосири Осорхонаи миллии Тоҷикистон  дидан намуданд.

Дар оғози семинар мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа Муҳаммадӣ  Сафолзода  иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик яке аз самтҳои калидии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.    Дар Паёми навбатии  Пешвои миллат  доир ба эҳёи таърихию фарҳангии миллати тоҷик таъкид шудааст, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ  ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки давоми асрҳо ягонагию ваҳдати  мардумро ҳифз мекарданд, аз ҷумла ҷашни Наврӯз, Меҳргон, Сада, шашмақом, фалак, адрасу атлас ва чакан дубора эҳё гардидаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  қисме аз онҳо  ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидаанд. Мусиқии фалак, ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ҳулбук  ва ҷашнҳои Меҳргону Сада низ барои арҷгузорӣ ва сабт гардидан  ба ин созмони байналмилалӣ  пешниҳод гардидаанд.

«Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар   дар робита ба ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ 15 санади меъёриву  ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Дар робита ба ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихиву  фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» аз ҷумлаи онҳост. Амалӣ намудани барномаи мазкур  ва пурра намудани фазои солими иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва маърифатии шаҳрвандон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷиҳати дастёбии озодона ба сарчашмаҳои мероси таърихиву фарҳангӣ мусоидат менамояд. Дар ин росто Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки соли 2020 ҷашни яке аз ёдгориҳои бостонии кишварамон- шаҳри қадимаи Саразмро таҷлил намояд. Бо  таҷлили ин ҷашн маданияти беш аз 5 ҳазору 500- солаи тоҷикон ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ карда мешавад. Аз ин рӯ мо бояд ёдгориҳои таърихии худро ҳифз  карда, онҳоро обод кунем ва ба онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии сарнавишти миллати куҳанбунёдамон муносибат намоем»,-гуфт Муҳаммадӣ  Сафолзода.

Ҳамчунин Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки  «хушбахтона, дар мамлакати соҳибистиқлоли мо ҷашнвораҳои миллӣ зиёд мебошанд. Онҳо  ҳамасола ба таври шоиста таҷлил мешаванд. Дар ин қатор ҷашнвораҳое ҳастанд, ки воқеан моҳияти умумимиллӣ, умумихалқӣ  ва ҳатто байналмилалӣ доранд.  Ҳукумати мамлакат вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар сатҳи дохилӣ ва ҷаҳонӣ корҳои шоистаеро  ба анҷом мерасонад.  Ва саҳми миллати тоҷик  низ барои  муаррифии арзишҳои таърихиву фарҳангӣ  дар арсаи  ҷаҳонӣ басо назаррас аст».

Ба зикри Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, бунёди чунин осорхонае, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, аз таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дарак медиҳад.

Апрель 18, 2019 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи дастрасӣ ба оби нӯшокии устувор бо намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад»
Дар Академияи миллии илмҳо нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Соли 2025 — соли афзоиши устувори истифодабарандагон ва тақвияти нуфузи АМИТ «Ховар» дар фазои рақамӣ
Дар Тоҷикистон охири моҳи январ ҷашни Сада таҷлил мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ маъракаи тозагӣ, ободонӣ ва ниҳолшинонӣ идома дорад
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Моҳи апрел дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
1050-СОЛАГИИ РОБИАИ БАЛХӢ. Ӯ нахустин зани соҳибдевони тоҷик аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Моҳи октябр дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир мегардад