Ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба ҳифзи Ватан раҳсипор гардиданд
ТОҶИКОБОД, 09.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар саҳни комиссариати ҳарбии ноҳияи Тоҷикобод бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Бахшида ба Рӯзи даъватшаванда 23 нафар ҷавонони бонанги ноҳия ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.
Дар ҷамъомади мазкур раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода, комиссари ноҳия Далер Раҳимов, раиси ветеранҳои ноҳия Абдусамад Идрисов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Муҳаммад Шоев аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуда, иброз доштанд, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии мамлакат сол аз сол сафи ҷавонони ғаюру ватандӯсти ноҳияи Тоҷикобод ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайванданд, аз ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо шаҳодат медиҳад.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад баҳри фараҳ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги ноҳия пешкаши ҷамъомадагон гардонида шуд.








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






