Ба хабарнигори АМИТ «Ховар» ҷоизаи озмуни «Бемории сил табобатшаванда аст» тақдим гардид

Апрель 17, 2019 10:27

ДУШАНБЕ, 17.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  16 апрели соли равон  дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории озмуни «Бемории сил табобатшаванда аст» байни рӯзноманигорони ВАО доир шуд. Зимни    ҷоизасупорӣ дар қатори дигар  мақолаҳо  маводи хабарнигори АМИТ «Ховар» Ибодат Давлатзода  яке аз беҳтаринҳо дониста шуда, бо ҷоиза ва дипломи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи USAID оид ба мубориза бар зидди бемории сил  қадрдонӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки озмуни  «Бемории сил табобатшаванда аст»  моҳи декабри соли 2018 эълон шуда, беш аз 50 нафар кормандони ВАО ба он мавод  пешниҳод намуданд.

Озмуни мазкур аз рӯи  3 номинатсия: радио-телевизион, матбуот ва сомонаи интернетӣ  баргузор шуда, ғолибон бо диплом ва ҷоиза қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатсияи телевизион ва радио  ҷои якум насиби Идигули Раҷаб аз Радиои «Тоҷикистон» гардида, ҷои дуюм  ба Озода Раҳматуллозода аз телевизиони «Сафина» дода шуд.

Дар  номинатсияи матбуот  ҷои якум ба Сайфиддин Суннатӣ аз рӯзномаи «Садои мардум» ва ҷои дуюм ба  Малоҳат Маҳкамова аз рӯзномаи «Ҳақикати Суғд» дода шуд.

Дар номинатсияи сомонаи интернетӣ ҷои якум ба Қамари Аҳрор аз «Спутник Тоҷикистон» ва ҷои дуюм ба Ибодат Давлатзода аз АМИТ «Ховар»  насиб гардид.

Тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҳар сол дар дунё 10 миллион нафар одамон гирифтори бемории сил шуда, 3 миллион нафар ҳалок мегарданд. Аз ҷумла, ҳар рӯз дар олам 8 ҳазор нафар бар асари ин беморӣ ҷон медиҳанд. Ҳадафи асосии озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи донишу маълумоти аҳолӣ оид ба мавзӯъҳои калидии бемории сил ва мубориза бар зидди он, ташаккул додани таҳаммулпазирӣ, муносибати неку бомасъулият дар ҷомеа нисбат ба беморони сил ва тақвияти муколама дар ҷомеа оид ба масъалаҳои сил мебошад.

Ёдовар мешавем, ки бемории сил табобатшаванда буда,  сабаби асосии паҳншавии он паст будани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба ин беморӣ мебошад.

Апрель 17, 2019 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд