Ба шарафи Рӯзи пойтахти Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ мусобиқаҳои гуногун баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе, ки пагоҳ таҷлил мегардад, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Пойтахт- тараннумгари музаффариятҳои мо, ҷавонон ва варзишгарон» баргузории беш аз 340 барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ, иттилоотиву таблиғотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардониро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба нақша гирифтааст. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, баргузории барномаҳо аз 15 апрели соли равон оғоз гардида, то 20 апрел идома меёбад.
Мақсад аз гузаронидани барномаҳои мазкур ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврасу ҷавон, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе мебошад.
Ёдовар мешавем, ки аксарияти барномаҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, иттилоотӣ, мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ пагоҳ, 20 апрел дар боғҳои фарҳангӣ- фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва толорҳои варзишӣ баргузор мегарданд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






