Бахшида ба Рӯзи Ғалаба Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 25 апрели соли равон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини юнону румӣ баргузор мегардад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусобиқаи мазкур дар Муассисаи давлатии Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштини шаҳри Душанбе (Манеж) байни наврасон ва ҷавонони солҳои таваллуди 2001-2003 аз дастаҳои узви Шӯрои ҳамоҳангсози байналмилалии ташкилотҳои «Динамо» доир карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа ба 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида шуда, таҳти шиори «Варзиш – рамзи дӯстӣ миёни халқу миллатҳо» барпо мегардад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт






