Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ироқ ба Ватан баргардонида шуданд

Апрель 30, 2019 23:50

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд лаҳза пеш 84 нафар шаҳрвандони ноболиғи тоҷик тариқи хатсайри Бағдод-Душанбе-Бағдод аз Ироқ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки дар инҷо шаҳрвандони Тоҷикистон-ноболиғонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода ва дигарон қабул намуданд.

Мавриди зикри хос аст, ки баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ноболиғон аз мамлакатҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия яке аз масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 30 апрел иттилоъ дод: «Қазияи шаҳрвандони ноболиғи тоҷик дар Ироқ пурра ба анҷом расидааст ва онҳо дар наздиктарин фурсат ба Тоҷикистон баргардонида хоҳанд шуд».
Ҳоло 84 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуданд.

Манбаъ имрӯз бо нашри ду хабар иттилоъ дод, ки оид ба қазияи болозикр Сафири ғайримуқими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ (бо қароргоҳ дар Кувайт) Зубайдулло Зубайдзода бо узви Шӯрои Суди Олии Ҷумҳурии Ироқ Ҳусом Абдукарим Юсуф ва Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳазим ал-Юсуфӣ мулоқот анҷом додааст.

«Дар доираи мулоқот ҷонибҳо вобаста ба баргардонидани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ироқ, ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният ва мубориза ба терроризм ва экстремизм, инчунин иштироки шахси мазкур дар Конфронси сатҳи баланд «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил», ки 16-17 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар намуданд»,- омадааст дар иттилоияи ВКХ Тоҷикистон.
«Ҳамаи кӯдакони тоҷик, шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ироқ ва Сурия ба Ватан баргардонида мешаванд»,- гуфта буд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин моҳи феврали соли равон зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Номбурда илова намуда буд, ки «дар маҳбасҳои Ироқ 43 зан- шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд. Барои баргардонидани онҳо ба Ватан вақт ва заҳмати зиёд даркор аст».

Раҷабмо Ҳабибуллозода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор 84 нафар кӯдакон — ноболиғон тавассути ҳавопаймои махсус аз Бағдод ба Душанбе баргардонида шуданд ва ин кор идома хоҳад ёфт».

Апрель 30, 2019 23:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд