Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия» оғоз гардид

Апрель 25, 2019 16:47

ДУШАНБЕ, 25.04.2019 /АМИТ  «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 36-уми Шӯрои  ҳамоҳангсозӣ ва Гурӯҳи ҳамоҳангсозии экспертҳои «Евразия»  ба кор оғоз намуд. Ҷаласаи мазкур, пагоҳ, 26 апрел кори худро идома медиҳад. 

Масоили аввалиндараҷаи ҷаласаи мазкурро, ба ғайр аз ҳисоботи инфродӣ, муҳокимаи ҳуҷҷатҳои оинномавӣ, ташкили Хадамоти байналмилалии аэронавигатсионӣ –МАС «Восток», таҳкими ҳамкории минбаъда ва дигар мавзӯҳои ба ин самт марбут ташкил доданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар  ҷаласаи мазкур   намояндагони беш аз 15 кишвари дуру наздик ва  зиёда аз 80 мутахассиси соҳаҳои мухталифи индустрияи аэронавигатсия иштирок доштанд.

Тавре масъулини Агентии авиатсияи  граждании  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  ба ҷаласа  ғайр аз ҳайатҳои корхонаҳои аэронавигатсионӣ иштироки намояндагони ширкатҳои машҳури ҷаҳонии   INDRA (Испания),  ERA a.s. (Чехия), ҶСП «Пеленг», ҶС «Концерн ВКО «Алмаз-Антей»,  ҶС «Концерн «МАНС»,  ҶСП «ВНИИРА-ОВД», ҶСК «Азимут», ҶСО «НПО «Алмаз», ГКИ «Корпоратсия «ТИРА», ҶСО «Прибой», ҶДММ «Монитор-Софт», ЧДММ «НИТА»  -и Федератсияи Россия ва  намояндагони Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), Асотсиатияи байналмилалии нақлиёти ҳавои (ИАТА), Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), провайдери   таъминоти аэронавигатсионии «DFS»-и Олмон, Агентии таҳлилии консултативии «Бехатарии парвозҳо»,  Донишкадаи аэронавигатияи Федератсияи Россия, инчунин  Маркази омӯзишии «Алмон Тур»-и Ҷумҳурии Чехия  даъват гардидаанд.

Директори  Агентии  авиатсияи  граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зикр намуд, ки имрӯз дар ҷаласа масъалаи таъмин намудани бехатарии парвозҳо  ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи  авиатсияи граждании давлатҳои   аъзоҳои  Иттиҳодияи  Давлатҳои Мустақил мавриди муҳокима қарор дода шуда, аз рӯи онҳо қарори дахлдор қабул карда мешаванд.

И. Субҳонзода ҳамчунин иброз дошт, ки мақсад аз баргузории   ҷаласа, мутобиқ намудани  фаъолияти кории сохторҳои дахлдори аэровигатсионӣ ба талаботи замони муосир,   пайваст намудани хатҳои нав  ва убур намудани фазои ҳавоии кишвар,  пешниҳод намудани роҳҳои алтернативии  ҳавоӣ барои убур намудани  фазои ҳавоии якдигар ва  табодулли таҷрибаи байналмилалӣ  мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ШҲ «Евразия»  соли 1999 ташкил ёфта, дар ааввал муассисони он ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон,  Ӯзбекистон ва  Федератсияи Россия буданд. Пасон ба ҳайси аъзои доимии Шӯро ҷумҳуриҳои Беларус,  Озарбойҷон  ва  Арманистон ворид шуданд.

Бояд  илова намуд, ки Шӯрои ҳамоҳангсозии «Евразия» бо мақсади тадбиқи «Консепсияи  ҳамоҳангкунии низомҳои миллии ташкили ҳаракати  ҳавоии давлатҳои аъзои ИДМ», ки  аз тарафи сарони давлатҳои азои ШҲ «Евразия» қабул гардидааст, таъсис дода шуда, баҳри таъмини максиамлии имконпазирии дараҷаи ҳамоҳангии  стандартҳо ва амалиёти расмиётӣ, ҳамчунин  ташкили ҷараёни амалкарди якҷояи низомҳои аэронавигатсионии миллӣ равона гардидааст.

Ҳамчунин бузургтарин  истеҳсолкунандагони таҷҳизоти аэронавигатсионӣ ва марказҳои таълимии соҳавии Россия, Аврупо ва ИМА нозирони доимии ташкилоти мазкур мебошанд.  Дар шумули нозирони доимии Шӯро ҳамчунин Кумитаи  байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) ва Ассотсиатсияи  байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) қарор дорад.

Апрель 25, 2019 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба имконоти рушди устувор ва сайёҳии экологии Резервати биосферии «Ромит» конфронси илмӣ баргузор гардид
Иҷрои «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» натиҷагирӣ гардид
Дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 836 миллион доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардидааст
Воридоти панелҳои офтобӣ ба Тоҷикистон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Ҷаласаи муштараки кумитаи ҳамоҳангсози Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз ва Шурои машваратии андозсупорандагон баргузор шуд
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон иҷрои низоми иттилоотии АСИКУДА баррасӣ гардид
Дар Бадахшон маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаҳои саноат, ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва занбӯриасалпарварӣ доир шуд
Соли 2026 Кодекси энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегардад
Лоиҳаи «Барномаи маърифат ва фарҳанги экологӣ барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ гардид
БЕМАСЪУЛИЯТӢ ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Корманди зеристгоҳи барқӣ қувваи барқро ғайриқонунӣ истифода менамояд
Иҷрои Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ баррасӣ гардид