Дар Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. 2 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи «Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, форуми мазкур дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст.
Мақсад аз баргузории Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ — тақвият ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, бо тарзу усули нав машғул шудан ба тиҷорат ва ҷанбаҳои нави истифодаи иқтисодиёти рақамӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар форуми мазкур баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмию техникии ҷавонон, ташкили гӯшаҳои соҳавӣ, ярмаркаи ҷойҳои корӣ, пешниҳоди имкониятҳои таҳсил баҳри интихоби касби муосир, суҳбати «мизи гирд» бо додани машваратҳои касбӣ аз ҷониби мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар назар дошта шудааст.








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






