Дар Душанбе консерти хайриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Театри давлатии академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба маъюбони Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мо ҳам метавонем» консертии хайриявӣ доир гардид.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, директори Китобхона Абдусалом Мирализода иброз дошт, ки «Консерти хайриявии имрўза, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад, бевосита ҷиҳати дастгириву болидарӯҳӣ ва дарёфти истеъдодҳои санъату ҳунар баргузор мегардад. Минбаъд санъаткорони мумтози консерти мазкур ба чорабиниҳои сатҳи баланд пешбарӣ хоҳанд шуд».
Абдусалом Мирализода афзуд, ки ашхоси имконияташон маҳдуд, қатъи назар аз ноқисии ҷисмонӣ дар доираи тавони худ ба ҳаёти ҷамъиятӣ шуғл варзида, дар ташкилоту корхонаҳо пурсамар фаъолият доранд. Онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона саҳм гузошта, ба манфиати халқу Ватан софдилона хизмат менамоянд. Ҳамин тавр, ҷомеа пайваста аз маҳсули наҷиби дастони онҳо баҳраманд мегардад. Бигзор ашхоси имконияташон маҳдуд чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии мо ҳамеша болидарӯҳу пурталош ва дар самтҳои мухталифи рушди ватани маҳбубамон Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки вазорат барномаҳои ҷолиби кумаку дастгирии шахсони имкониятҳояшон маҳдудро таҳия кардаву амалӣ менамояд. «Имрӯз шахсони дорои имконияти маҳдуд на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз Тоҷикистон дар чорабиниҳо ширкат намуда, фарҳанги волои моро муаррифӣ менамоянд. Умедворам, тамоми ҷомеаи кишвар ин иқдоми некро якдилона дастгирӣ менамоянд. Албатта, таваҷҷуҳ ба ин гуна афрод қадами аввал нест, мо дар гузашта чорабиниҳои зиёде доштем. Аммо ҳоло тасмим гирифтем беш аз ҳар вақти дигар ба мушкилоти шахсони дорои имконоти маҳдуд бирасем. Ҳама имкониятҳои худро истифода мебарем, то аз миёни ин афрод ҳунармандонро пайдо ва ба ҷомеа муаррифӣ намоем», -зикр намуд ӯ.









Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






