Дар Душанбе нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ баргузор мегардад

Апрель 23, 2019 08:19

ДУШАНБЕ, 23.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе   нахустин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил доранд, баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур 14 майи соли 2019 таҳти унвони «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» баргузор гардида, дар он  шумораи зиёди ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон таҳсил доранд, иштирок менамоянд.

Мақсад аз баргузории  Фестивали фарҳангии «Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!» -ин пеш аз ҳама, мустаҳкам намудани дӯстии ҷавонони ҷаҳон,  ҳамгироиву ҳамдигарфаҳмӣ, муаррифии фарҳангҳои ҳамдигар  ва  тақвият додани  ҳамкориву дастгириҳои ҷавонони олам  мебошад.

Инчунин дар   фестивал   сарояндагони ҷавони Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, бо  мусиқиҳои ҷолиб, рақсу суруд ва тарона хотири ҷавононро болида мегардонанд.

Апрель 23, 2019 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад