Дар Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор муҳимтарин масъалаҳо баррасӣ шуданд

Апрель 19, 2019 16:13

ДУШАНБЕ, 19.04.2019/АМИТ «Ховар»/. Муҳимтарин масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Ҳисор дар  иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор, даъвати панҷум, ки  18 апрел доир гардид, баррасӣ  шуданд.

Вакилон масъалаҳоро «Дар бораи рафти иҷрои қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз 17 июли соли 2018»,  «Дар бораи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018», «Дар бораи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи гузаронидани озмуни «Беҳтарин маҳали аҳолинишин» бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи рафти иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022»-ро матраҳ намуданд.

Инчунин дар иҷлосия «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист»,  «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор аз ҳавзаи интихоботии «Ғуриёт», №33 шунида шуд.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Ҳисор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и деҳаи Зиракии Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба номи Уроқ Аловиддинов ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и деҳаи Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ба номи Қурбоналӣ Тағоев номгузорӣ карда шуд.

Дар анҷоми иҷлосия як зумра қарорҳои раиси  шаҳри Ҳисор тасдиқ гардиданд.

Апрель 19, 2019 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд